Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина Русияро шикаст дод ва барандаи Ҷоми Иттиҳод шуд


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Украина (U-21) ғолиби мусобиқаи байналмилалии Ҷоми Иттиҳод-2014 гардид.




Мунтахаби ҷавонони Украина дар бозии ниҳоӣ, ки шаби якшанбе, 2-юми феврал, дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд, бар дастаи Русия бо ҳисоби бузурги 4-0 ғалаба кард.

Русия – Украина – 0:4 (0:2)
Голҳо: Пучковский, 4 (0:1). Вакуленко, 16 (0:2). Мемешев, 48 (0:3). Тотовитский, 88 (0:4).
Русия: Леонов, Зуйков, Зуев, Свейба, Кутин, Закускин, Шарипов, Могилеветс (к), Зубарев (Манзон, 46), Земсков (Пансирев, 63), Болов (Ярмолитский, 84).
Сармураббӣ: Николай Писарев.
Украина: Ткаченко, Писко, Вакуленко (Малиновский, 69), Приндета, Мишнев (Мякушко, 88), Мемешев (Близниченко, 80), Юрченко, Калитвинсев (к) (Акулинин, 90), Сваток (Братков, 58), Мирошниченко (Гончар, 60), Пучковский (Тотовитский, 60).
Сармураббӣ: Сергей Ковалетс.
Огоҳонида шуданд: Болов, 27. Приндета, 39. Мишнев, 44. Кутин, 62. Мемешев, 67. Закускин, 74. Зуев, 78. Свейба, 81.
Доварон: Виталий Рушаков, Андрей Рунов, Рашид Абусуев (ҳама аз Русия).
2-юми феврал. Санкт-Петербург. МВФ «Петербургский».

Натоиҷи бозиҳои охирини Ҷоми Иттиҳод-2014:
Финал. Русия – Украина – 0:4.
Бозӣ барои ҷойи 3-юм. Беларус – Эстония – 2:0.
Бозӣ барои ҷойи 5-ум. Қазоқистон – Санкт-Петербург – 3:0.
Бозӣ барои ҷойи 7-ум. Латвия – Литва – 0:1.
Бозӣ барои ҷойи 9-ум. Молдова – Москва – 1:2.
Бозӣ барои ҷойи 11-ум. Тоҷикистон – Қирғизистон – 1:1, пеналтӣ 4:2.

Ёдовар мешавем, ки тими мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) бо раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар Ҷоми Иттиҳод-2014 дар байни 12 даста дар ҷойи 11-ум қарор гирифт ва танҳо аз тими Қирғизистон пеш гузашт. Футболбозони ҷавони тоҷик аз 5 бозӣ дутоашро бо тимҳои Эстония ва Қирғизистон бо ҳисоби якхелаи мусовии 2-2 анҷом дода, дар ду бозӣ аз дастаҳои Украина (1-4) ва Молдова (1-2) шикаст хӯрданд ва танҳо дар як бозӣ бар тими Қирғизистон аз рӯи силсилаи пеналтӣ бо ҳисоби 4-2 пирӯз шуданд (замони асосӣ – 1-1).

Абдурасул Раҳмонов, нимҳимоятгари мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, бо 4 гол (яктоаш аз пеналтӣ) дар рӯйхати нишонзанҳои беҳтарини мусобиқа баъди Роман Муртазоев (Қазоқистон, 5 гол) ва Руслан Болов (Русия, 5 гол, 2-тоаш аз пеналтӣ) ҷойи севумро соҳиб шуд. Инчунин Андрей Тотовитский (Украина) 4 гол задааст, ки, яктоаш аз пеналтӣ мебошад.

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) соли гузашта дар Ҷоми Иттиҳод-2013 таҳти раҳбарии сармураббӣ Мубин Эргашев дар ҷойи 8-ум қарор гирифта, аз тимҳои Қирғизистон, Эстония, Латвия ва Туркманистон пеш гузашта буд. Мунтахаби Тоҷикистон порсол ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом дод: 2 ғалаба бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва 4 бохт ба Беларус – 2:5, Литва - 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбакистон – 0:2.
XS
SM
MD
LG