Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар саросари Украина тазоҳуроти эътирозӣ баргузор шуд


Киев, 2 феврал, майдони "Истиқлол"
Киев, 2 феврал, майдони "Истиқлол"
Даҳҳо ҳазор нафар дар саросари Украина дар тазоҳуроти эътирозии зидди давлатӣ ширкат ҷустанд. Виталий Кличко-раҳбари мухолифон тақозо кард, ки бидуни шарту шароит эътирозгаронеро, ки аз моҳи ноябр ба ин сӯ боздошт шудаанд, аз зиндон раҳо кунанд.

Дар майдони марказии “Истиқлол”-и Киев рӯзи якшанбе тақрибан 50 000 нафар ба эътироз баромаданд. Дар он Виталий Кличко ва Арсений Ятсенюк-раҳбари дигари мухолифон ширкат ҷустанд. Ятсенюк гуфт, мухолифон аз Ғарб хостаанд, ки ба онҳо кӯмаки молӣ кунанд.

Субҳи рӯзи якшанбе Виктор Кличко аз Мунихи Олмон ба Киев баргашт. Вай дар он ҷо дар конфронси солонаи амнияти Аврупо ширкат ва бо намояндагони расмии кишварҳои ғарбӣ мулоқот дошт.

Виктор Янукович рӯзи душанбе баъд аз беморӣ ба дафтари худ боз хоҳад гашт. Сухангӯи вай дар торнамои раёсати ҷумҳурӣ гуфтааст, ки Янукович бемор шудааст.
XS
SM
MD
LG