Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қатли чаҳор тундрави эҳтимолӣ дар Покистон


Мақомоти маҳалӣ мегӯянд, чаҳор шахси гумонбар ба тундравҳо рӯзи шанбе дар даргирие бо нируҳои пулис дар вилояти Хайбар Паштунхвоҳи Покистон кушта шудаанд.

Ҳоҷӣ Муҳаммад-корманди пулис ба радиои Озодӣ гуфт, ки ин даргирии тақрибан яксоата дар вулусволии Свабӣ рух додааст. Ба гуфтаи вай, нируҳои пулис ҳангоми амалиёти ҷустуҷӯи тундравҳо мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. Пулис аз ҳамлакунандагон миқдори зиёди аслиҳа забт кардааст.

Дар моҳҳои охир шӯришиён дар ин минтақа ба нируҳои пулис ҳамлаҳои маргбор анҷом додаанд. Толибони Покистон масъулияти чунин ҳамлаҳоро бар дӯш гирифтаанд.
XS
SM
MD
LG