Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоми Иттиҳод-2014: Тоҷикистон – Молдова – 1-2


Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) дар бозии Ҷоми Иттиҳод-2014 аз тими Молдова бо ҳисоби 1-2 шикаст хӯрд.

Ин бозии Ҷоми Иттиҳод барои ҷойҳои 9-12-ум шаби панҷшанбе, 30-юми январ, дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор шуд.

Голи аввали мунтахаби ҷавонони Молдоваро ҳимоятгар Константин Богдан дар дақиқаи 6-ум ва голи дувумро ҳамлагар Игор Дима дар нимаи дувуми бозӣ, дар дақиқаи 55-ум, ба ҳадаф расонданд. Кристиан Аврам, дарвозабони дастаи Молдова, дар дақиқаи 86-ум ғайричашмдошт тӯбро ба дарвозаи дастааш зад ва ба мунтахаби Тоҷикистон як гол тӯҳфа кард.

Ҷоми Иттиҳод-2014. Бозӣ барои ҷойҳои 9-12-ум
Молдова - Тоҷикистон - 2:1
Голҳо: Богдан, 6 (1:0). Дима, 55 (2:0). Аврам, 86 – ба дарвозаи дастааш (2:1).
Молдова: Аврам, Граур, Богдан, Жардан, Ратса, Антон, Карп (капитан), Златан (Спэтару, 54), Дима (Урсу, 77), Мирза, Лиса.
Тоҷикистон: Муъминҷон Гадойбоев, Хуршед Бекназаров, Алишер Шарифов (капитан), Наврӯз Рустамов (Ҷаҳонгир Эргашев, 46), Фаридун Шарифов, Фирӯз Раҳматов (Комрон Турсунов, 71), Саидхони Амрохон, Ойбек Абдуғаффоров (Фаррух Фузайлов, 84), Абдулло Саидов (Бахтиёр Азимов, 46), Ромиш Ҷалилов (Амирбек Ҷӯрабоев, 46), Абдурасул Раҳмонов.
Огоҳонида шуданд: А.Шарифов, 18, Антон, 66, Саидхони Амрохон, 70, Амирбек Ҷӯрабоев, 75, Ратса, 75, Ойбек Абдуғаффоров, 81, Комрон Турсунов, 85.
Бозигарони беҳтарин: Вадим Ратса (Молдова), Абдурасул Раҳмонов (Тоҷикистон).
Доварон: Роман Галимов, Иля Елеференко, Иван Касянков.

3-юми январи соли 2014, Санкт-Петербург, МВФ «Петербургский», 300 тамошобин.

Дар бозии дигар барои ҷойҳои 9-12-ум мунтахаби ҷавонони шаҳри Маскав бар тими Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 5:0 ғалаба кард. Ба ин тартиб, рӯзи 1-уми феврал тимҳои Маскав ва Молдова барои ҷойи 9-ум, Тоҷикистон ва Қирғизистон (соати 17:30 ба вақти Душанбе) барои ҷойи 11-ум рақобат мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки бозии футболбозони ҷавони тоҷику қирғиз дар мусобиқаи имсола дар гурӯҳи «А» 25-уми январ бо ҳисоби 2-2 ба охир расида буд.
Бар асоси дастури Ҷоми Иттиҳод ба даври чорякниҳоӣ ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳои ҷойҳои дувумро соҳибшуда ва ду дастаи ҷойҳои севум аз рӯи натоиҷи беҳтарин роҳ ёфтанд.

Натоиҷи бозиҳои чорякниҳоӣ:

Украина – Литва - 4:1
Латвия – Эстония - 0:2
Санкт-Петербург – Беларус - 0:3
Русия – Қазоқистон - 3:1
31-уми январ
Нимфинал:
Украина - Беларус
Эстония - Русия
Барои ҷойҳои 5-8-ум:
Литва - Санкт-Петербург
Латвия – Қазоқистон

Бояд гуфт, ки дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) соли гузашта дар Ҷоми Иттиҳод-2013 дар ҷойи 8-ум қарор гирифта, аз тимҳои Қирғизистон, Эстония, Латвия ва Туркманистон пеш гузашта буд. Мунтахаби Тоҷикистон порсол ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом дод: 2 ғалаба бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва 4 бохт ба Беларус – 2:5, Литва - 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбакистон – 0:2. Таносуби тӯбҳояш – 6-11.
XS
SM
MD
LG