Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Янукович "хатоҳои" мақомотро эътироф кард


Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина мегӯяд, ҳукумат маъсулияташ барои рафъи бӯҳрони сиёсиро иҷро кард, вале мухолифон ҳамчунон авзоъро шиддат мебахшанд. Виктор Янукович, бо нашри баёнияи катбие дар рӯзи панҷшанбе, эътироф кард, ки мақомоти расмӣ "ба хато роҳ додаанд" ва қавл дод, ки ба орзуву омоли мардум бештар таваҷҷӯҳ хоҳад кард. Пештар аз ин мухолифони давлати Украина қонуни авфи тазоҳургарони боздоштшударо напазируфтанд. Ҳукумати Украина аввали ин ҳафта зери фишори тазоҳургарон истеъфо дод. Мухолифони давлату тазоҳургарон ин иқдомоти ҳукуматро нокофӣ хонданд. Дафтари раёсати ҷумҳури Украина рӯзи панҷшанбе ҳамчунин гуфт, ки Виктор Янукович, сармо хӯрдаву таб кардааст ва ҳоло барои муолиҷа рухсатӣ гирифтааст. Маълум нест, ки ӯ кай ба сари кор бармегардад.
XS
SM
MD
LG