Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бордюжа ва Атамбоев вазъи минтақаро баррасӣ карданд


Бордюжа ва Атамбоев дар Бишкек, 29 январ
Бордюжа ва Атамбоев дар Бишкек, 29 январ
29 январ дар Бишкек Алмазбек Атамбоев-раиси ҷумҳури Қирғизистон ва Николай Бордюжа-Дабири кулли Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ масъалаҳои амният дар минтақаи Осиёи Марказиро баррасӣ карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии раиси ҷумҳури Қирғизистон ба хабаргузориҳо иттилоъ додааст.
Дар хабарҳо омадааст, ки қабл аз сафар ба Қирғизистон Николай Бордюжа аз Тоҷикистон боздид кардааст ва имкони рафъи мушкилоти марзиро бо ҷонибҳо машварат кардааст.

Бордюжа гуфтааст, “Мо ҳамеша бо раҳбарони кишварҳо дар тамос будем ва имкони ҷилавгирӣ аз муноқишаро баррасӣ мекардем. Вақтҳои охир барои ҳали масъала ҳафт ё ҳашт бор раҳбарони аввали Тоҷикистону Қирғизистон бо ҳам мулоқот кардаанд”.

Ба гуфтаи Николай Борджюа то имрӯз чанд масъала бидуни ҳал боқӣ мондааст, аз ҷумла “баста будани посгоҳҳои марзӣ аз тарафи Қирғизистон ва ҳузури нируҳои низомии ҳар ду ҷониб дар марз. Барои ҳали ин масъала Шӯроҳои Амнияти ҳар ду кишвар ҷалб шудаанд”.
XS
SM
MD
LG