Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Младич додгоҳи СММ-ро "додгоҳи шайтонӣ" номид


Ратко Младич, генерали собиқи артиши сербҳои Боснӣ, Додгоҳи Созмони Милал барои ҷиноятҳои ҷангии Югославияи собиқро, “додгоҳи шайтонӣ” номид. Ратко Младичро барои шаҳодат дар муҳокимаи Радован Караҷич, фармондеҳи соби-и артиши сербҳои Боснӣ ба додгоҳ ҳозир карданд. Ҳарду генерали серб алоҳида ва бо иттиҳоми ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ дар ҷангҳои солҳои 1992-95 дар Босния муҳокима мешаванд. Додситонҳо мегӯянд, ки Младич ва Караҷич дар қатли дастаҷамъии 8 ҳазор босниҳои мусулмон даст доранд. Моҳи июли соли 1995 дар шаҳри Сребренитса, сербҳои боснӣ 8 ҳазор мардону наврасонро кушта ва дар дастаҷамъӣ зери хок карданд. Ҳарду муттаҳам мегӯянд, ки бегуноҳ ҳастанд.
XS
SM
MD
LG