Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби ҳоким мехоҳад аз табаддулот пешгирӣ кунанд


Шаҳри Лвов
Шаҳри Лвов
Дар Украина ҳизби ҳокими “Минтақаҳо” аз доситонии кулли кишвар хост, ки ба ҳар амали эътирозгарон, ки зидди Қонуни Асосӣ мебошад, расидагӣ анҷом бигирад. Ҳоло дар баъзе шаҳрҳову минтақаҳо мухолифони ҳукумат биноҳои Шӯроҳои маҳаллӣ ва ҳукумати маҳаллиро ишғол кардаанд.

Дар эъломияе, ки ҳизби ҳокими Виктор Янукович рӯзи душанбе пахш кард, гуфта мешавад, ки “ҷавонони фашист талош доранд табаддулот анҷом диҳанд”.

Дар ин эъломия раҳбарони мухолифон дар Киевро муттаҳам кардаанд ва гуфтаанд, онҳо дастур додаанд, ки дар минтақаҳо биноҳои ҳукуматиро ишғол ва Шӯроҳои маҳаллии худ ва кумитаҳои раҳбарии худро эълон кунанд.

Эътирозгарон дар ғарби кишвар биноҳои ҳукуматии 10 минтақаро ишғол кардаанд. Дар ин минтақаҳо ҳузури мухолифон қаввист.

Дар шаҳри Киев эътирозгарон бинои вазорати адлияро ба тасарруфи худ дароварданд. Олена Лукаш-вазири адлия гуфтааст, агар эътирозгарон бинои вазоратро тарк накунанд, вай тақозо хоҳад кард, ки вазъи фавқулодда эълон кунанд.
XS
SM
MD
LG