Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баъди азо тазоҳурот дар Киев идома кард


Дар шаҳри Киев ҳазорон нафар дар маросими азои як марди белорусе ҷамъ омаданд, ки ҳафтаи гузашта дар ҷараёни бархӯрди тазоҳургарон бо маъмурони пулис аз зарби тир ҳалок шуд. Михаил Жизневский, бино ба гузоришҳо имрӯз 26 сола мешуд. Баъди ин маросим, азодорон ба хиёбонҳои наздик ба калисо рехтанд. Айни замон тазоҳурот дар шаҳри Киев ва дигар шаҳрҳои Украина идома кард. Шаби гузашта тазоҳургарон ба қароргоҳи аслии нерӯҳои пулис ва амният ҳамла карданд. Бинои мазкур 100 метр дуртар аз Майдони Истиқлол маҳалли аслии тазоҳуроти зиддиҳукуматӣ воқеъ шудааст. Тазоҳургарон ба маъмурони пулис иҷоза доданд, ки биноро тарк кунанд ва худашон сипас онро ишғол карданд. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина рӯзи шанбе баъди мулоқот бо пешвоёни мухолифон ба онҳо, мақоми нахуствазир ва муовини ӯро пешниҳод кард, вале мухолифон пешниҳодро напазируфтанд.
XS
SM
MD
LG