Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як маргталаб дар Кобул 4 нафарро кушт


Як бомбгузори маргталаб рӯзи якшанбе бо ҳамла ба автобуси сарбозони афғон дар шаҳри Кобул чаҳор нафарро кушт. Вазорати дифоъи Афғонистон гуфт, дар ин ҳамла ду ғайринизомӣ, аз ҷумла як зан ҳалок шудаанд ва 22 тани дигар ҷароҳат бардоштаанд. Толибон бо ирсоли як номаи электронӣ ба расонаҳо, масъулияти ин бобмгузориро бар дӯш гирифтанд. Ҳафтае пештар аз ин шаҳри Кобул, тундравон ба як ресторани маъруф дар ин шаҳр ҳамла карда, 21 нафар ва аксаран хориҷиёнро куштанд. Қарор аст, то охири имсол бисёре аз нерӯҳои Амрико ва НАТО Афғонистонро тарк кунанд, аммо гуфтугӯҳо дар бораи нигаҳ доштани теъдоде аз онҳо, ба бунбаст дучор шудааст.
XS
SM
MD
LG