Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср 49 нафар кушта шудаанд


Вазорати беҳдошти Миср мегӯяд, дар хушунатҳои рӯзи шанбе дар саросари кишвар дасти кам 49 нафар кушта шудаанд. Рӯзи 25 январ дар Миср саввумин солгарди суқути Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури пешин таҷлил шуд ва дар он рӯз ҷиноҳҳои рақиб дар Миср раҳпаймоӣ карданд. Вазорати беҳдошти Миср бо нашри як баёнияи катбӣ дар рӯзи якшанбе гуфт, теъдоди қурбониён дар бархӯрдҳои маъмурони пулис ва тазоҳургарон ду баробар бештар шудааст. Ба гуфтаи вазорат, дар ин муноқишаҳо дасти кам 247 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд. Дигар ин ки ба гуфтаи вазорати умури дохилӣ, дар ҷараёни тазоҳуротҳои рӯзи шанбе 1079 нафарро дастгир кардаанд. Дар он рӯз ҳазорон нафар ба нишони ҳимоят аз ҳукумати дастнишондаи артиш дар Миср ва теъдоди дигар ба нишони ҳимоят аз Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои боздоштшуда, раҳпаймоӣ карданд. Мурсиро, ки баъди суқути Ҳуснӣ Муборак ба қудрат расид, моҳи июли соли гузашта артиши Миср аз мақомаш барканор кард.
XS
SM
MD
LG