Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орзуи ду бародари маълул (ВИДЕО)


Кӯдакони маълул
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:55 0:00

ул

Зиёдулло ва Идибек Маллаевҳо аз се сол ба ин тараф аз мактабу ҳамсабақонаш дур ҳастанд.

Ин ду бародари ҳамтақдир, рӯзи худро ҳамеша бо ҳам якҷо, дар кунҷи хона сипарӣ мекунанд. Бо ҳам мехонанд, бо ҳам бозӣ мекунанд ва бо ҳам аз зиндагии 3 соли пеши худ, мисли як хоби хуш ёд меоранд. Аз солҳое, ки имкон доштанд, давидаву парида ба мактаб раванд ва ҳамроҳ бо ҳамсолонашон бозиву хушҳолӣ кунанд. Ҳоло ин ду наврас аз пойи равон маҳруманд. Зиёдулло ва Идибек Маллаевҳо яке дар сини 8 ва дигари дар 11 солагӣ эҳсос кардаанд, ки пойҳояшон рӯз ба рӯз аз ҳаракат мемонад.

Зиёдулло мегӯяд: «Аз синфи 5 аз пой мондам. Вақте ба мактаб мерафтам, пойҳоям дард мекард, дигар то мактаб мерафтаму дар ҷойи худ менишастам, намегаштам, вале баъдтар дигар мактаб ҳам рафта натавонистам». Идибек бошад чунин ҳикоят мекунад:«Базӯр мерафтам, мехостам мактаб равам, аммо меафтидам дар роҳ ва муаллимону талабаҳо ба ман кӯмак мекарданд, вале дигар натавонистам.»

Дар бораи бемории худ ин ду наврас чизе намедонанд, аммо падари ин бародарон Малла Маллаев мегӯяд, ба мушоҳидаи онҳо Зиёдулло ва Идибек пас аз як маъракаи эмкунӣ бар зидди фалаҷ, ки чанд соли пеш дар кишвар роҳандозӣ шуда буд, ба оҳистагӣ аз пойи равон мондаанд. Аммо ин падар мегӯяд, ӯ дигар дар пайи сабаби ин бемории фарзандон нашуда, фақат барои ба пой хезонидани онҳо талош кардааст. Табибон ба Зиёдуллову Идибек фалаҷ ташхис мондаанд.

Малла Маллаев мегӯяд: «Ягон беморӣ надоштанд, намедонам аниқ сабаб чӣ аст, ба мушоҳидаам дар мудати як моҳ дидам, ки ҳаракати пойҳояшон торафт кам шуду аз роҳравӣ монданд. Табобатҳо натиҷа надоданд. Аммо мегӯянд ин сиҳатшаванда аст.»

Табибон онҳоро бовар мекунонанд, ки ин бемори шифоёбанда аст. Падари Зиёдулло ва Идибек мегӯяд, имкони табобати фарзандони ӯ дар хориҷ аз кишвар, ба вижа Русия бештар аст, вале шароити зиндагӣ ба ин хонавода имкон надодааст, то фарзандонашонро берун аз кишвар баранд: «Барои рафтану омадан ба ҳисоби шахсии ман барои ин ду кас бояд панҷ ҳазор долларӣ бошад. Ҳеҷ ҳам нашуд, ман мехостам фарзандонам ақалан бо асо аз ҷой хезанд. Фардо умрашон дароз бошад, мӯҳтоҷи касе нашаванд ва як чиро омӯзанду зиндагиашонро пеш баранд."

Падари Зиёдулло ва Идибек мегӯяд, мехоҳад бо кӯмаки афроди хайрхоҳ ва ҷамъоварии маблағ фарзандонашро ба Русия бубараду онҳоро ба по хезонад. Аммо худи Зиёдулло ва Идибек ҳоло дар хона аз муаллиме дарс мегиранд, ҳарду ҳам мехоҳанд оянда омӯзгор шаванд. Яке фанни информатика ва дигари математикаро дӯст медоштааст. Аммо орзӯи ҳарду навраси маҳрум аз пойи равон феълан як аст.

Яке аз ин бародарони ҳамтақдир мегӯяд, «мехоҳам мисли дигар бачаҳо роҳ гардам, ҳамроҳ бо ҳамсабақом ба мактаб раваму бо онҳо дарс хонам.»

Наврӯз Ҷобиров, муовини вазири тандурустӣ имкони аз эмкунӣ ба ин ҳол гирифтор шудани бачаҳоро имконнопазир хонд, аммо волидони Зиёдулло ва Идибекро ба назди худ ба вазорат даъват кард. Ба қавли ӯ, бо ташхису ошно шудан бо вазъи наврасон, онҳо талош хоҳанд кард барояшон кӯмаки худро расонанд

Афроде, ки мехоҳад барои шифо ёфтани бародарон Зиёдулло ва Идибек ва аз аробачаи маълулӣ хестани онҳо кӯмак кунанд, метавонад бо шумораи 98 577 55 51 ба падари онҳо Малла Маллаев дар тамос шаванд.
XS
SM
MD
LG