Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониёни хушунат дар Украина бештар шуд


Мақомоти Украина таъйид карданд, ки як тазоҳургари дигар бар асари ҷароҳатҳои бардоштааш дар ҷараёни хушунатҳо рӯзи шанбе ҷон додааст. Раёсати тандурустии шаҳри Киев гуфт, ки ин мард дар муноқишаҳои аввали ҳамин ҳафта сахт маҷрӯҳ шуда буд. Авзоъ дар Киев рӯзи шанбе нисбатан ором буд, тазоҳургарон дар ин рӯз бинои вазорати энержиро ишғол карданд, аммо баъди чанд соат онро тарк намуданд. Маъмурони пулис гуфтанд, ки тазоҳургарон ду афсари пулисро дар шаҳрдории Киев бандӣ кардаанд, вале тазоҳургарон ин иддаоро рад карданд. Бархӯрдҳои хушунатбор дар аввали ҳафта дар пойтахти Украина бо марги чанд нафар анҷомид. Мухолифони давлат мегӯянд, ки 5 тазоҳургар дар ин бархӯрдҳо ҷон додаанд, вале маъмурони пулис то кунун марги чаҳор нафарро таъйид карда ва гуфтаанд, ки дар ҳалокати онҳо кормандони пулис даст надоранд.
XS
SM
MD
LG