Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Иброҳимӣ бо ҳайати мухолифини Димишқ гуфтугӯ мекунад


Дар дафтари СММ дар шаҳри Женева музокироти фиристодаи вижаи Созмони Милал дар умури Сурия Ахзар Иброҳимӣ бо ҳайати мухолифини ҳукумати Димишқ шурӯъ шуд. Ин гуфтушунид дар чаҳорчӯби конфаронси байнулмилалӣ оид ба Сурия мавсум ба "Женева-2" мегузарад.

Аз ин пештар Иброҳимӣ бо ҳайати ҳукумати Сурия мулоқот карда буд. Ҳадафи асосӣ - таъмини музокироти мустақими ҷонибҳои даргир дар Сурия аст. Мухолифин талаб доранд, ки аввал Димишқ пешниҳоди ҷомеъаи байнулмилалӣ дар бораи ташкили ҳукумати давраи гузаришро пазирад.

Ҳайати ҳукуматии Сурия, дар навбати худ, таҳдид кард, ки агар музокироти мустақим бо мухолифин то рӯзи шанбе баргузор нашавад, "Женева-2"-ро тарк мекунад.

Конфаронси байнулмилалӣ оид ба ҳалли бӯҳрони Сурия рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Монтрёи Швейсария оғоз ёфт ва баъдан як бахши кори он ба женева кӯчонида шуд.
XS
SM
MD
LG