Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Покистон як шаҳрванди Бритониё маҳкум ба эъдом шуд


Додгоҳи Покистон як шаҳрванди покистонинажоди Бритониёро барои тавҳин ба Худо ба эъдом маҳкум кард. Муҳаммад Асғари 65-сола соли 2010 дар шаҳри Равалпиндӣ баъд аз он боздошт шуд, ки дар номаҳояш худро “паёмбар” эълон карда буд. Рӯзи панҷшанбе додгоҳ иддаои вакили дифоъро дар он бора, ки шахси таҳти ҳимояташ маризии рӯҳӣ дорад, рад кард.

Дар Покистон тавҳин ба Худованд ҷинояти сангин маҳсуб мешавад ва барои он ҳукми эъдом муқаррар шудааст.

Ду сол пеш дар шаҳри Исломобод Римша Масеҳ, духтаре аз хонаводаи насронӣ, ки бемории рӯҳӣ дошт, барои тавҳини Қуръони Маҷид боздошт шуд. Баъд аз вокуниши ҷомеъаи ҷаҳонӣ ӯ аз ҳабс раҳо гардид ва ҳамроҳ бо хонаводааш Покистонро тарк намуд.
XS
SM
MD
LG