Эътирозгарон дар Киев тасмим гирифтанд, ки қаламрави "Майдон"-ро густариш диҳанд. Ба навиштаи рӯзномаи “Украинская правда”, раҳбарони мухолифин Виталий Кличко, Олег Тягнибок ва Арсений Ятсенюк баъд аз мулоқот бо раисиҷумҳур Виктор Янукович ба эътирозгарон гуфтанд, ки онҳо дар мавриди қатъи хушунат аз сӯи кормандони милиса, раҳоии ҳама боздоштшудагон ба созиш расиданд. Ба гуфтаи онҳо, эътирозгарон, дар навбати худ, бояд аз нерӯ истифода накунанд.
Арсений Ятсенюк эълом дошт, ки "Майдон" аз кӯчаи Институтская то кӯчаи Олгинская густариш меёбад ва дар он ҷо аллакай сангарсозӣ шурӯъ шудааст.
Қарор аст, ки мулоқоти навбатии раҳбарони мухолифин бо сарвари давлат рӯзи ҷумъа баргузор шавад. Аз ин пеш онҳо тасмим гирифтанд, ки то шурӯъи ин музокирот аз хушунат даст бардоранд.
Мухолифин талаб доранд, ки Виктор Янукович ҳукуматро ба истеъфо фиристад ва баъд аз эълони санаи интихоботи навбатӣ худаш ҳам мақомашро тарк намояд.
Бар асари бархӯрдҳо миёни милиса ва эътирозгарон дар маркази Киев, ки рӯзи 20 январ шурӯъ шуд, дасти кам 5 нафар ба ҳалокат расида, тақрибан 300 каси дигар ҷароҳат бардоштаанд.