Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши паҳлавонони тоҷик барои ҷоизаҳои Нурсултон Назарбоев


Паҳлавонони тоҷик дар давраи Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат хоҳанд кард.

Ин мусобиқа, ки аввалин давраи Ҷоми ҷаҳонӣ маҳсуб мешавад, рӯзҳои 25-ум ва 26-уми январ дар шаҳри Алматии Қазоқистон дар ду намуд – самбои варзишӣ ва самбои размӣ бо ширкати беш аз 350 гуштигир (мардону занон) аз 17 кишвари ҷаҳон - Арманистон, Беларус, Булғористон, Гурҷистон, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Муғулистон, Озарбойҷон, Олмон, Русия, Руминия, Тоҷикистон, Туркманистон, Узбакистон ва Украина барпо мегардад.

Маҳмуди Абдуллоҳ, муовини аввали раиси Иттиҳодияи самбои Осиё ва ҳамзамон дабири кулли Федератсияи самбои Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, «Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 14 гуштигир дар намуди самбои варзишӣ байни мардон таҳти раҳбарии мураббӣ Фарҳод Раҳматуллоев намояндагӣ мекунанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби кишвар инҳо дохиланд: Сӯҳроб Муъминов, Ардашер Исроилов ( ҳарду дар вазни то 52 кг), Хушқадам Хисравов, Акмалиддин Каримов (ҳарду – то 57 кг), Нозимҷон Охиров, Каъбатулло Аминов (ҳарду – то 62 кг), Мустафо Ҳасанов, Бежан Алиев (ҳарду – то 68 кг), Нусратишоҳ Имомов, Исмоил Ҳабибуллоев (ҳарду – то 74 кг), Зафар Олимшоев, Зайналобуддини Аъзамхон (ҳарду –то 82 кг), Абдулваҳҳоб Сатторов (90 кг) ва Абубакр Раҳмонов (+100 кг). “

Бояд гуфт, ки ин мусобиқа барои бори шашум баргузор мешавад. Ғолибони мусобиқаи имсола дар вазни худ бо медалҳои тилло ва 1000 доллар, барандагони ҷойҳои дувум бо медалҳои нуқра ва 500 доллар, барандагони ҷойҳои севум бо медалҳои биринҷӣ ва 250 доллар мукофотонида мешаванд.

Соли 2012 гуштигирони тоҷик дар ин мусобиқа дар намуди самбои варзишӣ байни мардон як медали нуқра (Акмалиддин Каримов дар вазни то 57 кг) ва ду медали биринҷӣ (Ибод Шайхов ва Илҳомиддин Алиев, ҳарду дар вазни беш аз 100 кг) ба даст оварда буданд. Вале соли гузашта паҳлавонони тоҷик аз давраи Ҷоми ҷаҳонии самбо барои ҷоизаҳои раиси ҷумҳури Қазоқистон бе медал баргаштанд.

Бояд тазаккур дод, дар давоми сол ҳафт давраи Ҷоми ҷаҳон, ки мақоми мусобиқаи байналмилалии дараҷаи “А”-ро доранд, баргузор мешаванд. Вале ҷоизаи аслӣ аз рӯи натоиҷи чаҳор давра супурда хоҳад шуд.

Давраҳои ҳалкунанда инҳоянд: дар Аврупо - Суперҷоми ҷаҳон «Ёдбуди Анатолий Харлампиев», дар Осиё-давраи Ҷоми ҷаҳон барои ҷоизаҳои раисиҷумҳури Қазоқистон, дар Амрико-давраи Ҷоми ҷаҳон ба хотираи А.Астахов ва дар Африқо -давраи Ҷоми ҷаҳон «Гран-При Касабланка». Аз рӯи ҷамъбасти ин чаҳор давраи мусобиқот ғолибони Ҷоми ҷаҳон дар ҳисоби умумӣ дар ҳар як вазн муайян хоҳанд шуд.

Дарвоқеъ, чанд рӯз пеш дар ҷаласаи кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё дар пойтахти Филиппин – Манила Иттиҳодияи самбои Осиё аз ҷониби ШОО пазируфта шуд ва самбо ба қатори 85 намуди варзиш шомил гардид, ки онҳоро Шӯрои олимпии Осиё дастгирӣ мекунад. Кумитаи иҷроияи ШОО, инчунин, дар бораи ба барномаи Бозиҳои осиёӣ дохил кардани самбо тасмим гирифт. Қарори кумитаи иҷроияи ШОО дар ҷаласаи Ассамблеяи 32-юми кулли ШОО дар Манила тасдиқ шуд.
XS
SM
MD
LG