Нируҳои марзбонӣ ва амниятии Қирғизистон 11 нафарро ба қатл расондаанд. Ба эҳтимоли зиёд ин афрод ғайриқонунӣ аз қаламрави Шинҷони Чин ба хоки Қирғизистон гузаштаанд. Як афсари нируҳои амниятии Қирғизистон сатҳӣ ҷароҳат бардоштааст.
Нируҳои марзбонии Қирғизистон мегӯянд, ки рӯзи панҷшанбе афроди мусаллаҳи номаълум ҷангалбон Александр Барикинро ба қатл расондаанд ва ба сӯи марзбонон тирандозӣ кардаанд.
Ба маҳалли ҳодиса нируҳои вижаи изофии марзбонии Қирғизистон фиристода шудаанд ва дар минтақа амалиёт анҷом гирифтааст. Вазорати корҳои хориҷаи Қирғизистон бо сафорати Чин дар Бишкек роҷеъ ба вазъи пешомада гуфтугӯ кардааст. Ҷузъиёти ин гуфтугӯҳо нашр нашудааст. Ҳоло ҷониби Қирғизистон талош дорад ҳуввияти кушташудагонро дақиқ кунад.