Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори ҳайати парлумонии САҲА аз Душанбе


Рӯзи 22 январ як ҳайати парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шведсия ва Дания мулоқотҳои худ дар Душанберо анҷом дод.

Маркази матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон муҳтавои мулоқоти ҳайати парлумонии САҲА бо раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ, Сироҷиддин Аслов ва дигар мақомоти расмиро дар се самти асосӣ - сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ арзёбӣ кард. Бино ба иттилои ин манбаъ, «таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, тақвияти муҳофизат ва идораи марзи давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, бартарафсозии мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, поксозии қаламрави Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда ва рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зоҳир гардид».

Аммо дар иттилоияи расмии ҳайати аврупоӣ, ки аз сӯи Кент Ҳарстед, узви Кумитаи дифоъи парлумони САҲА раҳбарӣ мешуд, омадааст, ки дар мулоқот бо мақомот, намояндагони ҷомиаи шаҳрвандиву расонаҳои хабарӣ вазъи Афғонистон ва таъсири он ба Тоҷикистон, беҳбуди равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ, рушди демократияву матбуоти озод, ҳуқуқи инсон ва ғайра баррасӣ шуд. Ҳамчунин аз қавли Кент Ҳарстед хабар дода шудааст, ки ҳайати аврупоӣ бахусус аз нобаробарии ҷинсӣ, шароит барои мухолифини сиёсӣ ва маҳбусон изҳори нигаронӣ кардааст.

Мулоқоти ҳайати парлумонии САҲА бо намояндагони ҷомеаи маданӣ, ҳарчанд ба гуфтаи сарони бархе аз созмонҳои ғайридавлатӣ, дар доираи хеле маҳдуд сурат гирифт, ба масъалаҳои умда бахшида шудааст. Қироншоҳ Шарифзода, котиби Шӯрои матбуоти Тоҷикистон гуфт, дар мулоқот бо парлумониёни САҲА «се масъалаи муҳим матраҳ шуд: дастрасӣ ба иттилоот, бахусус аз манобеи расмӣ ҳанӯз ҳам дилхоҳ нест, монеагузориҳо ба сомонаҳои милливу хориҷӣ ҳамоно давом дорад ва гуфтем, ки муносибати мақомоти давлатӣ ба расонаҳои, ба истилоҳ ҳукумативу мустақил ҳамоно духӯра аст. Хулоса, фикри ҳама асосан сари ҳамин се нукта мутамарказ буд.»

Шокирҷон Ҳакимов, доктори улуми сиёсӣ, мегӯяд, яке аз стратегияҳои САҲА амният дар дохили кишварҳои узви созмон аст ва масоили бисёрҳизбӣ, равандҳои демократӣ ва ҳуқуқи башару вазъи зиндонҳоро дар ҳамбастагӣ бо он мебинанд: «Аз ин хотир, имрӯз онҳо лозим донистанд, ки дар робита бо вазъи муносибатҳо миёни Тоҷикистону Қирғизистон, хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз Афғонистон ва авомили дигар ин масъалаҳоро ба баррасӣ гиранд. Хуб маълум аст, ки ба назари ман, Афғонистон барои мо хатар нест.»

Дар ин иттилоия аз мулоқоти ҳайати парлумониҳои Данияву Шведсия мулоқот бо аҳзоби сиёсӣ зикр нашудааст ва дар суҳбат бо Озодӣ раҳбарони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳеҷ гуна мулоқоте бо ҳайате аз САҲА надоштанд.
XS
SM
MD
LG