Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонони қирғиз бо афроди мусаллаҳ задухурд карданд


Дар тирандозие, ки шабона байни марзбонони Қирғизистон ва афроди мусаллаҳи номаълум сурат гирифт, дастикам ду нафар аз ин афроди мусаллаҳ кушта шудаанд. Гулмира Борубаева-сухангӯи нируҳои марзбонии Қирғизистон ба радиои Озодӣ гуфт, тақрибан 8 марди мусаллаҳ як нафарро, ки дар ҷангал гашту гузор мекардааст, ба қатл расондаанд ва ба сӯи марзбонони қирғиз оташ кушодаанд.

Ба гуфтаи Борубаева, мумкин аст ин афроди мусаллаҳ аз марзи миёни Қирғизистону Чин гузашта бошанд. Ба ин маҳал нируҳои вижа фиристода шудаанд. Жанторо Сатиболдиев-нахуствазири Қирғизистон ба вилояти Исиқкӯл сафар кардааст, ба вилояте, ки дар он ҷо ин ҳодиса рух додааст.

Ҳафтаи гузашта вилояти мухтори Шинҷон-Уйғури Чин, ки бо Қирғизистон ҳаммарз аст, эълон кард, ки баъд аз соли ғайримаъмулии ҳамлаҳои хунини зиддидавлатӣ будҷаи худро барои мубориза бо “терроризм” ду баробар афзоиш додааст.
Мақомоти расмии Чин мегӯянд, ки чунин ҳамлаҳо кори дасти ҷудоихоҳони уйғур аст, ки аз исломи таундгаро илҳом мегиранд.
XS
SM
MD
LG