Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар Ҷоми Иттиҳод эълон шуд


Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии тими мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21), ҳайати дастаро барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014 эълон кард.

Бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 24-уми январ то 2-юми феврал дар маҷмааи варзишию фарҳангии “Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия баргузор мешаванд. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад.

Мусобиқот барои Ҷоми Иттиҳод-2014 рӯзи 24-уми январ бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон 25-уми январ бо тими Қирғизистон ва бозии охиринаш дар сабқати гурӯҳӣ 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.


Бояд гуфт, ки дастаҳои мунтахаби ҷавонони Туркманистон ва Узбакистон аз ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014 даст кашиданд. Ба ҷойи онҳо тимҳои мунтахаби ҷавонони шаҳрҳои Маскав ва Санкт-Петербург бозӣ хоҳанд кард. Мунтахаби Санкт-Петербург дар гурӯҳи «B» бо тимҳои Русия, Литва ва Молдова, мунтахаби Маскав бошад, дар гурӯҳи «С» бо тимҳои Латвия, Беларус ва Қазоқистон рақобат мекунанд.

Бар асоси дастури Ҷоми Иттиҳод ба плей-оффи мусобиқот ғолибони гурӯҳҳо, дастаҳои ҷойҳои дувумро соҳибшуда ва ду дастаи ҷойҳои севум аз рӯи натоиҷи беҳтарин роҳ меёбанд. Он дастаҳое, ки аз гурӯҳҳои худ баромада наметавонанд, барои ҷойҳои 9-12-ум мубориза мебаранд.

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:04:44 0:00
Линки мустақим

Маҳмадҷон Ҳабибуллоев дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “ба ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон 20 бозигар – 2 дарвозабон, 7 ҳимоятгар, 8 нимҳимоятгар ва 3 ҳамлагар дохиланд. Мо субҳи чоршанбе, 22-юми январ, тавассути ҳавопаймо ба Санкт-Петербург парвоз мекунем. Федератсияи футболи Тоҷикистон дар назди даста вазифа гузоштааст, ки аз гурӯҳи худ ба даври баъдӣ бароем. Ба назари ман дар гурӯҳи мо дастаи мунтахаби Украина ғолиб хоҳад шуд. Ин даста, мисли мусобиқоти пешин, бо мунтахаби Русия дар бозии ниҳоӣ барои Ҷоми Иттиҳод рақобат хоҳад кард.»

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар Ҷоми Иттиҳод-2014:
Дарвозабонҳо: Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»);
Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов, Фирдавс Тусматов (ҳарду - «Регар-ТадАЗ»), Фахриддин Сафарзода («Нури Норак»), Хуршед Бекназаров («Вахш»), Саидхони Амрохон («Равшан»), Фаррух Фузайлов («Парвоз»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»);
Нимҳимоятгарон: Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Ромиш Ҷалилов, Ҷаҳонгир Эргашев (ҳарду – «Истиқлол»), Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарду – «Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев (ДЮСШ ССКА, Маскав), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (ҳарду – «Регар-ТадАЗ»);
Ҳамлагарон: Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Наврӯз Рустамов («Равшан»), Комрон Турсунов (РТСУ).
Сармураббӣ: Маҳмадҷон Ҳабибуллоев.
XS
SM
MD
LG