Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон - дар ҷойи 113-ум


Тоҷикистон дар рейтинг ё феҳристи нави FIFA (Федератсияи байналмилалии футбол), ки имрӯз, 16-уми январ нашр гардид, бо 285 имтиёз як зина боло шуд ва дар мақоми 113-ум қарор дорад.

Тоҷикистон дар байни 46 дастаи мунтахаби Осиё дар зинаи 14-ум ва миёни тимҳои миллии собиқ кишварҳои шӯравӣ дар зинаи 11-ум мебошад ва аз Латвия (116), Қазоқистон (128), Туркманистон (133) ва Қирғизистон (146) боло ҷойгир шудааст. Дастаҳои мунтахаби Украина (18), Русия (22), Арманистон (38), Узбакистон (65), Беларус (83), Эстония (93), Озарбойҷон (94), Молдова (96), Гурҷистон (102) ва Литва (103) пеш аз Тоҷикистон қарор гирифтаанд.

Дастаи миллии Испания, қаҳрамони феълии ҷаҳону Аврупо, дар феҳристи навини FIFA дар байни 209 тими миллӣ мисли пешин бо 1507 имтиёз дар ҷойи аввал аст. Олмон дар ҷойи дувум ва Аргентина дар ҷойи севум мебошанд. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Колумбия, Португол, Уругвай, Италия, Швейтсария, Ҳолланд ва Бразилия ҷойгир шудаанд.

Дар байни дастаҳои мунтахаби Осиё тими миллии Эрон (34) пешқадам аст. Баъдан миёни даҳгонаи аввал Ҷопон (48), Кореяи Ҷанубӣ (53), Австралия (56), Имороти Муттаҳидаи Араб (63), Узбакистон (65), Урдун (72), Арабистони Саудӣ (73), Умон (79) ва Чин (92) қарор доранд.

Рейтинги FIFA аз соли 1993-юм ба ин сӯ тартиб дода мешавад. Имтиёзҳо ба кишварҳо аз рӯи натоиҷи дастаи мунтахаби миллиашон дар давраи чаҳор сол дода мешавад. Натиҷаи беҳтарини мунтахаби Тоҷикистон дар тамоми таърихаш дар феҳристи FIFA ҷойи 106-ум дар моҳи июни соли 2013 мебошад.

Ёдовар мешавем, тими миллии футболи Тоҷикистон таҳти раҳбарии сармураббии даста Мӯҳсин Муҳаммадиев дар охирин бозиаш, ки дӯстона буд, рӯзи 15-уми октябри соли равон дар шаҳри Бишкек бар мунтахаби Қирғизистон бо ҳисоби 4-1 ғолиб омад. Ба гуфтаи Муҳаммадиев соли оянда 7 бозии дӯстонаи мунтахаби Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG