Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон бар ССКА «Помир»


Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-21) дар бозии санҷишӣ бар тими ССКА «Помир»-и Душанбе бо ҳисоби 5-1 ғалаба кард.

Ин бозии санҷишӣ рӯзи 16-уми январ дар шаҳри Душанбе, дар майдони сунъии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, дар доираи омодагии мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон ба Ҷоми Иттиҳод-2014 баргузор шуд.

Ёдовар мешавем, ки аз ин пеш мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар бозии санҷишӣ бар мунтахаби бошгоҳҳои футболи кишвар бо ҳисоби 6-2 ғалаба карда буд.

Бозии санҷишӣ

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21) - ССКА «Помир» - 5:1
Голҳо: Фирӯз Раҳматов, 44 (1:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 45 (2:0). Ҷаҳонгир Эргашев, 71 (3:0). Абдулло Саидов, 73 (4:0). Фирдавс Тусматов, 88 (5:0). Зиёвиддин Фузайлов, 90 – аз пеналти (5:1).
Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21): Муъминҷон Гадойбоев, Хуршед Бекназаров, Фахриддин Сафарзода, Саидхони Амрохон, Ойбек Абдуғаффоров, Фаридун Шарифов, Амирбек Ҷӯрабоев, Ҷаҳонгир Эргашев, Абдурасуд Раҳмонов, Наврӯз Рустамов, Фирӯз Раҳматов.
Ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Эмомалӣ Сониев, Бахтиёр Азимов, Фаррух Фузайлов, Ромиш Ҷалилов, Фирдавс Тусматов, Абдулло Саидов, Шодмон Тағойзода, Комрон Турсунов.

ССКА «Памир» (Душанбе): Анатолий Старущенко, Рустам Ҳалимов, Фурӯғ Қодиров, Фирдавс Чақалов, Руслан Тиллоев, Сайёди Ковусшо, Шамсиддин Қосимов, Азимҷон Юнусзода, Файзулло Бобоев, Сабур Мулимов, Бузургмеҳр Раҳмоналиев.
Ҳамдастаҳояшонро иваз карданд: Амир Ҳоҷиимуродов, Азамат Ҳамроқулов, Акмал Сабуров, Зиёвиддин Фузайлов.

Сардовар: Парвиз Муртазоев (Душанбе).

Марҳилаи дувуми омодагии дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) ба Ҷоми Иттиҳод-2014 таҳти раҳбарии сармураббӣ Маҳмадҷон Ҳабибуллоев то рӯзи 19-уми январ идома хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки бозиҳои Ҷоми Иттиҳод-2014 аз 24-уми январ то 2-юми феврал дар дар маҷмааи варзишию фарҳангии «Петербургский”-и шаҳри Санкт-Петербурги Русия барпо мегарданд. Мувофиқи низомномаи мусобиқот соли таваллуди бозигарон 1993 ва аз он хурд мебошад. Ба дархости ниҳоии дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои ширкат дар Ҷоми Иттиҳод-2014 ҳамагӣ 20 футболбоз дохил мешавад.

Мусобиқот барои Ҷоми Иттиҳод-2014 рӯзи 24-уми январ бо бозии футболбозони ҷавони Эстония ва Тоҷикистон оғоз меёбад. Бозии дувуми мунтахаби Тоҷикистон 25-уми январ бо тими Қирғизистон ва бозии охиринаш дар сабқати гурӯҳӣ 27-уми январ бо дастаи Украина баргузор мешавад.


Ҳайати дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-21):

Дарвозабонҳо: Муъминҷон Гадойбоев («Хуҷанд»), Эмомалӣ Сониев («Истиқлол»), Баҳодур Шамсов («Равшан»);
Ҳимоятгарон: Алишер Шарифов, Саидҷон Исмоилов, Фирдавс Тусматов (ҳарсе аз «Регар-ТадАЗ»), Сайидхони Амрохон («Равшан»), Фаррух Фузайлов («Парвоз»), Бахтиёр Азимов («Энергетик»), Фахриддин Сафарзода («Нури Норак»), Фирдавс Ҳоҷиев, Дилшод Каримов (ҳарду аз «Хуҷанд»), Музаффар Назаров, Сайидамири Сайидаҳмад, Хуршед Бекназаров (ҳарсе аз «Вахш»);
Нимҳимоятгарон: Шавкати Ҳотам, Абдулло Саидов, Ойбек Абдуғаффоров (ҳарсе аз «Энергетик»), Амирбек Ҷӯрабоев (ССКА, Маскав), Ҷаҳонгир Эргашев («Истиқлол»), Абдурасул Раҳмонов, Шодмон Тағойзода (ҳарду аз «Регар-ТадАЗ»), Фаридун Шарифов (ССКА «Помир»), Иброҳим Мӯҳтоҷзода («Саройкамар»);
Ҳамлагарон: Наврӯз Рустамов («Равшан»), Фирӯз Раҳматов («Регар-ТадАЗ»), Ромиш Ҷалилов («Истиқлол»), Комрон Турсунов (РТСУ).
XS
SM
MD
LG