Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Аврупо аз боздошти Абдураҳим Шукуров


Иттиҳодияи Аврупо 13-уми январ бо пахши як баёния оид боздошти Абдураҳим Шукуров-наворбардори хабаргузории «Озодагон» изҳори нигаронӣ кардааст.

Иттиҳодияи Аврупо зимни пахши ин изҳорот, аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст ҷиҳати бетарсу ҳарос фаъолият кадрани хабарнигорон шароти муносиб фароҳам орад ва ҳодисаи боздошти Абдураҳмон Шукуров "зуд ва ба таври дақиқ тафтиш гардида, шахсони гунаҳгор ба ҷавобгарӣ кашида шаванд."

Намояндагии ИА ҳамчунин аз ҳукумати Тоҷикистон даъват ба амал овард, ки тибқи уҳдадориҳои байналмилалии худ ҳамаи чораҳои лозимиро андешида, ба хабарнигорон барои бе тарсу ҳарос пеш бурдани фаъолияти журналистӣ шароити мусоид фароҳам орад.

Абдураҳим Шукуров 25 декабр, ҳангоми талоши инъикоси мурофиаи додгоҳии пурсару садои Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон боздошт шуд. Қабл аз боздошт хабарнигор мавриди лату кӯби кормандони милиса қарор гирифт. Аммо додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ баъд аз эътирози сардабирони нашрияҳои чопи Душанбе Абдураҳим Шукуровро бо бастани ҷарима дар ҳаҷми 320 сомонӣ, аз боздоштгоҳ раҳо кард.
XS
SM
MD
LG