Эрон ва шаш қудрати ҷаҳон ба тавофуқ расиданд, ки аз 20 январ иҷрои созишномаи ҳастаии давраи гузорро оғоз кунанд. Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷаи Иттиҳодияи Аврупо гуфт, акнун ҳар ду ҷониб аз Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии СММ хоҳанд хост, ки иҷрои ин созишномаро бипазирад.
Намояндагони расмии Иттиҳодияи Аврупо ва Эрон рӯзҳои 9 ва 10 январ дар Женев мулоқот ва ҷузъиёти иҷрои созишномаи моҳи ноябри соли гузаштаи худро роҷеъ ба барномаҳои ҳастаии Эрон баррасӣ карданд. Эрон ба тавофуқ расид, ки аз фаъолиятҳои ҳассоси ҳастаии худ даст мекашад ва дар иваз таҳримҳои Ғарб бар зидди Эрон коҳиш меёбад.
Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз ин тавофуқот истиқбол кард ва гуфт, “ба ҳар гуна таҳрими нав бар зидди Эрон вето хоҳад гузошт”. Аз сӯи дигар Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико рӯзи якшанбе дар Пориси Фаронса гуфт, ки марҳилаи баъдии музокирот бо Эрон хеле душвор хоҳад буд, вале беҳтарин имкон роҳи ҳали дипломатии масъала мебошад.