Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моликӣ аз ироқиҳо хост, муттаҳид бошанд


Нурӣ ал-Моликӣ, нахуствазири Ироқ, аз мардуми кишвараш хост, дар ҷанг ба зидди Ал-Қоида муттаҳид шаванд. Зимни суханронӣ дар як раҳпаймоие дар шаҳри Бағдод гуфт, амалиёти низомӣ дар вилояти умдатан суннишини Анбор, ки ҷангҷӯёни шарики Ал-Қоида баъзе аз гӯшаҳои онро ба даст оварданд, ҳеҷ ангезаи мазҳабӣ надорад. Ин ҷангҷӯён ҳафтаи гузашта қисматҳое аз шаҳрҳои Рамоди ва Фаллуҷаро ишғол карданд. Аммо ҳоло нерӯҳои амниятии Ироқ ва ҳамроҳ бо размандагони қабилаҳо, бисёре аз ин манотиқи ишғолшуда дар ҳарду шаҳрро аз дасти ҷангҷӯён гирифтаанд. Ба гузориши хабарнигори бахши ироқии Радиои Озодӣ рӯзи якшанбе авзоъ дар Фаллуҷа ором будааст. Як мақоми расмии вилояти Анбор рӯзи шанбе гуфт, тайи ду ҳафтаи гузашта дар ҷангҳои вилояти Анбор дасти кам 60 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG