Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айтзоз Ҳасанро сазовори "Ситораи Шуҷоат" донистанд


Навоз Шариф, нахуствазири Покистон, тавсия додааст, ба наврасе, ки бо муқовимат ба як маргталаб аз ҳамлаи интиҳорӣ дар мактабашон пешгирӣ кард, нишони “Ситораи Шуҷоат” дода шавад. Ба гуфтаи Навоз Шариф, Айтзоз Ҳасани 15-сола барои ҷасораташ шоистаи ин нишони пурифтихори Покистон аст. Ба гуфтаи ӯ, ин наврас, ки бо фидо кардани ҷонаш, садҳо муҳассили мактабро аз марг наҷот дод, “намунаи барҷастаи диловарӣ ва меҳанпарастӣ” аст. Ба гуфтаи шоҳидон, рӯзи душанбе Айтзози 15-сола нагузоштааст, то як бомбгузори маргталаб вориди мактаби онҳо шуда, худро битарконад ва ҳамроҳ бо ӯ дар назди дарвозаи мактаб ҳалок шудааст. Каси дигаре дар ин ҳодиса осеб надид. Падари Айтзоз гуфтааст, ки бо писараш ифтихор мекунад, ки чун ӯ шаҳид шудааст.
XS
SM
MD
LG