Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интиқоли қурбониёни сӯхтори Маскав ба Тоҷикистон


Ҷасадҳои панҷ шаҳрванди Тоҷикистонро, ки ҳафтаи гузашта дар ҳодисаи оташсӯзӣ дар наздикиҳои Маскав ба ҳалокат расида буданд, ба ватан оварданд.

Абдулло Қодирӣ, сухангӯи Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯзи 11-уми январ ба радиои «Озодӣ гуфт, ки ҳавопаймои ширкати "Тоҷикэйр", ки ҳомили ҷасадҳо буд, қарор буд соати 5-и субҳ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд ояд, аммо бинобар номусоидии обу ҳаво масири худро тағйир дод ва дар Хуҷанд ба замин нишаста. Ҳавопаймо баъд аз мусоид шудани ҳаво, ҳудуди соати 11:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе фуруд омад.

Ба гуфтаи Абдулло Қодирӣ, аз сӯи раиси ноҳияи Панҷ гурӯҳи корӣ дар ҳайати панҷ нафар таъсис шуда ва се мошини ёрии таъҷилӣ барои интиқоли қурбониён ҷудо карда шудааст. Манбаъ афзуд, ки Иззатбӣ Ҳакимова -- модари ин хонадон дар ноҳияи Ёвон ва чаҳор тани дигари онҳо дар ноҳияи Панҷ ба хок супурда мешаванд. Ба гуфтаи сухангӯи Хадамоти муҳоҷират, хароҷоти дафни ин афродро ҳукумати ноҳияи Панҷ ба зимма гирифта ва ҳамчунин барои онҳо дар "Амонатбонк" суратҳисоб пешбинӣ шудааст.

Рӯзи 4 январ расонаҳои русӣ шанбе навишта буданд, ки қурбониёни як сӯхтор дар вилояти Маскав, панҷ узви як хонавода аз Тоҷикистон мебошанд. Дар натиҷа маълум шуд, ки ҳалокшудагон Илҳомҷон Умаров, соли таваллудаш 1984, бародараш Ҷамшед Умаров, мутаваллиди соли 1986 ва ҳамчунин Иззатбӣ Ҳакимова бо ду фарзандаш, ҳама сокинони ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон мебошанд. Расонаҳои русӣ аз қавли мақомот дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Русия хабар доданд, ки сӯхтор соати 5:30 дақиқаи субҳи рӯзи 4-уми январ дар кӯчаи Разини шаҳраки Железнодорожнийи вилояти Маскав ба амал омада ва бар асари он панҷ узви як хонавода ба ҳалокат расидаанд.

Ба гуфтаи манбаъ, ба дунболи хомӯш кардани оташ, ҷасади чаҳор нафар ва баъдан ҷасади нафари ахирӣ берун оварда шудааст. РИА Новости навишта буд, ки аз шумори ҳалокшудагон ду нафари онҳо кӯдакон - яке ҳаштмоҳа ва дигаре чаҳорсола будаанд. Мақомот ҳамзамон гуфтаанд, ки оташсӯзӣ ба биноҳои атроф осеб нарасонидааст.

Ин аввалин ҳодисаи ҳалокати шаҳрвандони Тоҷикистон дар ҳодисаҳои оташсӯзӣ дар Русия нест. Шаби 4-ум ба 5-уми октябри соли гузашта дар маҳаллаи Илинское-Усовои ноҳияи Красногорски вилояти Маскав дар сӯхторе 3 шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида буданд. Дар моҳи январи соли гузашта сӯхтор дар бинои навбунёде дар ҷануб-ғарби пойтахти Русия ҷони нӯҳ танро рабуда буд, ки ду тани онҳо низ аз Тоҷикистон будаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар тӯли шаш моҳи соли гузашта ҳудуди 460 тобути муҳоҷирони кори тоҷик аз Русия ба ватан оварда шудааст. Солона ҳудуди 1000 шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия ё аз баландии сохтмонҳо зарозер мешаванд, ё аз дасти миллатгароҳо ба қатл мерасанд ва ё бар асари беморӣ меиранд. Аксари кушташудаҳо ҷавон ҳастанд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ҳудуди як миллион шаҳрванди ин кишвар дар Русия машғули кору зиндагиянд. Аммо манобеи ғайрирасмӣ ин рақамро ҳудуди 2 миллион медонанд, ки солона ба Тоҷикистон беш аз 3 миллиард доллар пул мефиристанд.
XS
SM
MD
LG