Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бурду бохти футболбозони тоҷик дар мавсими соли 2013


Ба назари коршиносону мутахассисони соҳа натоиҷи ба даст овардаи футболбозони тоҷик дар мусобиқоти расмии байналмилалӣ дар мавсими соли 2013 қаноаткунанда нест.

Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон (сармураббиаш мутахассиси сербиягӣ Никола Кавазович) соли гузашта барои аввалин бор дар таърихи худ аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) маҳрум гашт.

Ёдовар мешавем, ки тими миллии Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати AФК-2014 дар Бишкек дар гурӯҳи “В” бар дастаи Покистон бо ҳисоби 1:0 ва мунтахаби Макао бо ҳисоби 3:0 ғалаба кард, вале дар бозии ҳалкунанда аз тими Қирғизистон бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрд. Ба ин тартиб мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт ва аз идомаи мубориза барои Ҷом бенасиб монд. Дастаи Қирғизистон бо 9 имтиёз ғолиб шуд ва соҳиби роҳхат ба марҳилаи ниҳоӣ гардид.

Никола Кавазович, сармураббии дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон, баъди бохт дар бозии охирини мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК-2014 ба мунтахаби Қирғизистон дар нишасти матбуотӣ гуфтааст, ки барои ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ наёфтан гунаҳкор нест, вале масъулиятро ҳис мекунад ва хиҷолат мекашад.

- Ба мусобиқаи интихобии Ҷоми даъвати АФК мо ҳамагӣ 10 рӯз омодагӣ дидем. Нисбат ба дигар дастаҳо мо хеле кам дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ будем,» - иброз доштааст Никола Кавазович.

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-21) (сармураббиаш Мубин Эргашев) дар Ҷоми Иттиҳод-2013 дар ҷойи 8-ум қарор гирифт ва аз тимҳои Қирғизистон, Эстония, Латвия ва Туркманистон пеш гузашт. Ин натиҷаи ба даст овардаи футболбозони ҷавони тоҷик нисбат ба мусобиқаи соли 2012-ум се зина болост.

Мунтахаби Тоҷикистон ҳамагӣ 6 бозӣ анҷом дод: 2 бурд бар Эстония ва Латвия бо ҳисоби якхелаи 1:0 ва 4 бохт ба Беларус – 2:5, Литва - 1:1 (аз рӯи пеналтӣ - 2:4), Молдова – 1:3 ва Узбакистон – 0:2. Таносуби тӯбҳояш – 6-11.

Мубин Эргашев, сармураббии дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон, дар як нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон чунин гуфтааст: “Умуман, ман аз ҳунарнамоии дастаамон дар Ҷоми Иттиҳод-2013 қаноатмандам. Нисбат ба соли 2012 пешравӣ ба назар мерасад. Мо аз гурӯҳи худ ба чорякфинал баромадем, вале ба фикри шахсии ман мо метавонистем, ки ба даври баъдӣ роҳ ёбем. Мо дар даври ниманиҳоӣ аз мунтахаби Литва аз рӯи пеналтӣ мағлуб шудем. Мо бояд бар дастаи Молдова ғалаба мекардем, вале ин футбол аст. Шояд бачаҳо баъди он ки ба чорякфинал баромадем, ба қувваи худ бовар надоштанд.”

Дастаи мунтахаби ҷавонони футболи Тоҷикистон (U-19) (сармураббиаш Салоҳиддин Ғафуров) дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар шаҳри Кирмони Эрон дар гурӯҳи «D» аз тими ҷавонони Эрон бо ҳисоби 0-2 ва аз дастаи Арабистони Саудӣ бо ҳисоби бузурги 0-5 шикаст хӯрда, бозии охиринашро бо тими Лубнон бо ҳисоби 0-0 анҷом дод. Ҳамин тариқ, мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон дар гурӯҳи худ бо 1 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 0-7) дар зинаи охирин қарор гирифта, аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии мусобиқот, ки соли оянда дар Мянмар баргузор мешавад, маҳрум шуд.

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-16) (сармураббиаш мутахассиси ҷопонӣ Чикаши Сузуки) дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар гурӯҳи «А» дар Кувайт бозии нахустинашро бо мунтахаби Ҳиндустон бо ҳисоби 1:1 анҷом дода, дар бозии дувум бар тими Бутан бо ҳисоби 12:0 ғолиб шуд. Вале дар бозии севуми худ аз тими мизбон – Кувайт бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Дар бозии даври охирин бар тими Лубнон бо ҳисоби 5:0 ғалаба кард. Баъди натиҷагирии мусобиқот дар гурӯҳи «А» тими Кувайт бо 12 имтиёз ҷойи аввалро касб карда, соҳиби роҳхат ба марҳалаи ниҳоӣ гардид. Мунтахаби Тоҷикистон бо 7 имтиёз дар ҷойи дувум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё маҳрум шуд.

Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон (U-14) (сармураббиаш Раҷаб Расулов) дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё дар Непал дар гурӯҳи «С» мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат гирифт. Футболбозони навраси тоҷик бар тимҳои Афғонистон (2:1) ва Бутан (15:0) пирӯз шуда, бозиро бо ҳамсолонашон аз Непал мусовӣ (1:1) анҷом доданд.

Дар марҳилаи ниҳоии мусобиқоти қитъавӣ байни футболбозони навраси синнашон то 14-сола, ки соли 2014 дар Эрон баргузор мешавад, ба ғайр аз мунтахаби Тоҷикистон дастаҳои Ироқ, Арабистони Саудӣ, Эрон, Тимори Шарқӣ, Тайланд, Кореяи Ҷанубӣ ва Кореяи Шимолӣ иштирок хоҳанд кард. Дар сабқати ниҳоӣ 8 даста ба ду гурӯҳ тақсим мешавад. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Дастаи мунтахаби духтаронаи футболи Тоҷикистон (U-14) (сармураббиаш Сулаймон Бобокалонов) дар мусобиқаи минтақавии қаҳрамонии Осиё дар Шри-Ланка дар аввалин бозиаш аз тими Ҳиндустон бо ҳисоби 0:3 шикаст хӯрда, баъдан бар тими Бутан бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Бозии севумро футболбоздухтарони тоҷик бо тими Бангладеш бо ҳисоби 2:2 анҷом доданд. Дар бозии чорум аз мунтахаби Шри-Ланка бо ҳисоби 1:4 ва дар бозии охирин аз тими Эрон бо ҳисоби 1:7 мағлуб гаштанд.

Мунтахаби Тоҷикистон бо 4 имтиёз дар ҷадвали мусобиқа дар зинаи пеш аз охирин – 5-ум қарор гирифт ва аз ҳаққи ширкат дар марҳилаи ниҳоӣ маҳрум шуд. Дастаи Ҳиндустон бо 15 имтиёз ғолиби мусобиқаи минтақавӣ гардид.

Дар мусобиқаи гурӯҳии Ҷоми AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2013 Тоҷикистонро барои аввалин бор ду даста – “Равшан”-и Кӯлоб, қаҳрамони Тоҷикистон ва “Регар-ТадАЗ”-и Турсунзода, барандаи Ҷоми Тоҷикистон, намояндагӣ карданд, вале ҳарду ноком шуданд.

Дастаи “Равшан” дар гурӯҳи “D” ҳамаи 6 бозиро бохт ва бидуни имтиёз (таносуби тӯбҳояш - 2-17) дар зинаи охирин - 4-ум ҷойгир шуд. Натоиҷи бозиҳои “Равшан” бо “Ал Рамза”-и Урдун - 0:1, 0:5, “Ал Шорта”-и Сурия – 0:2, 1:3, “Ал Қудсия”-и Кувайт – 0:3, 1:3.

Дар ин гурӯҳ тими “Ал Қудсия” бо 13 имтиёз мақоми аввалро касб кард ва ба марҳилаи ниҳоӣ роҳ ёфт.

Маъруф Рустамов, сармураббии тими “Равшан”, дар бораи натиҷаи ширкати дастааш дар Ҷоми AФК ба радиои Озодӣ чунин гуфт: “Мо аввалин бор дар ин мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кардем ва аз рақибони пурқуввати худ бисёр чиз омӯхтем. Футболбозони мо таҷоруби хуби бозии байналмилалӣ касб карданд. Мо дар оянда, албатта, кӯшиш мекунем, ки тайёрии хуб бинем ва ба натиҷаҳои баланд ноил шавем.”

Дастаи «Регар-ТадАЗ» низ дар гурӯҳи “А” бо 2 имтиёз (таносуби тӯбҳояш – 5-16) дар зинаи охирин – 4-ум ҷойгир шуд. Натоиҷи бозиҳои “Регар-ТадАЗ” бо “Сафо”-и Лубнон – 1:1, 2:3, “Ал Риффа” –и Баҳрайн - 0:3, 1:1, “Кувайт”-и Кувайт – 1:3, 0:5. Дар гурӯҳи “А” дастаи “Кувайт” бо 12 имтиёз ҷойи аввалро соҳиб гашт ва ба даври баъдӣ роҳхат гирифт.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон (сармураббиаш Дамир Камолиддинов) дар мусобиқоти интихобии қаҳрамонии Осиё-2014 дар шаҳри Тошканд се бозӣ анҷом дод. Мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш 5-уми ноябр бар тими Қирғизистон бо ҳисоби бузурги 8-4 пирӯз шуд. Вале футболбозони тоҷик дар бозии дувумашон аз тими мизбон - Узбакистон бо ҳисоби 4-5 мағлуб гаштанд. Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии охиринаш бар тими Туркманистон бо ҳисоби 5-4 пирӯзӣ ба даст овард.

Мунтахаби Узбакистон дар гурӯҳи “А” бо 9 имтиёз ғолиб шуд. Мунтахаби Тоҷикистон бо 6 имтиёз ҷойи дувумро касб кард. Дастаҳои Қирғизистону Туркманистон бо якимтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чорум қарор гирифтанд. Аз ин гурӯҳ се даста – Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон ба марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё-2014 роҳхат гирифтанд.

Дар сабқати ниҳоии қаҳрамонии футзали Осиё -2014, ки аз 30-юми апрел то 10-уми май дар шаҳри Ҳошимини Вйетнам баргузор мешавад, ба ҷуз дастаи мизбон, тимҳои Ҷопон, Тайланд, Эрон, Узбакистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Чин, Тайван, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Индонезия, Малайзия, Лубнон, Кувайт ва Ироқ ширкат мекунанд. Бар асоси қуръакашӣ, ки дертар барпо мегардад, 16 даста ба 4 гурӯҳ тақсим мешаванд.
XS
SM
MD
LG