Ёдовар мешавем, дастаи «Равшан», қаҳрамони дукаратаи Тоҷикистон, дар плей-оффи Ҷоми АФК (Конфедератсияи футболи Осиё) - 2014 рӯзи 2-юми феврал дар майдони худ бо қаҳрамони Яман - «Ал Ярмук» рақобат хоҳад кард.
Маъруф Рустамов, сармураббии дастаи «Равшан», рӯзи 3-юми январ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “марҳилаи аввали омодагии мо ба бозӣ бо дастаи “Ал Ярмук” аз 5-ум то 10-уми январ дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад. Баъдан ҷамъомади таълимиву тамринии даста аз 11-уми январ то 2-юми феврал ё дар вилояти Суғд ва ё дар шаҳри Душанбе доир хоҳад шуд. Вале то ҳоло макони баргузории бозии мо бо “Ал Ярмук” маълум нашудааст. Ин бозӣ ё дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Қӯрғонтеппа ва ё дар варзишгоҳи “Металлург”-и шаҳри Турсунзода барпо мегардад.”
Ба иттилои ҷаноби Рустамов дар ҳайати дастаи “Рашван” баъзе тағйирот ба амал омадааст. Вай афзуд, “мӯҳлати қарордод бо ду легионери африқоӣ аз Гана, ҳамлагарон Дэвид Мауто ва Чарлз Тико ба охир расид. Рӯзҳои наздиктарин Мауто, ки ба яке аз клубҳои футболи Украина даъват шудааст, ба ин кишвар сафар мекунад. Вале ман намедонам, ки Тико ба кадом даста даъват шудааст. Мо барои пурқувват кардани ҳайати даста дар ҳамин ҳол бо се бозигари нав дар бораи бастани қарордод гуфтугӯ дорем. Яке аз онҳо нимҳимоятгар Бахтиёр Чориев аз дастаи “Энергетик”-и Душанбе мебошад. Вале ду нафари дигарро номбар карда наметавонам, зеро ки онҳо дар айни ҳол бо клубҳои худ аз рӯи қарордод баъзе масъалаҳои молиро бояд ҳал кунанд”.
Дар идомаи сӯҳбат ҷаноби Рустамов иброз дошт, ки сарпарастон ба даста кӯмак мекунанд. Ӯ гуфт, “бачаҳо маошашонро мегиранд. Ҳоло хароҷоти мо зиёд мешавад. Барои гузаронидани ҷамъомади таълимиву тамринӣ, инчунин, хариди либоси нави варзишӣ маблағ зарур аст. Мо медонем, ки сарпарастони мо хеле серкоранд ва бо вуҷуди ин онҳо гуфтанд, ки имрӯзу фардо масъалаҳои моро ҳал хоҳанд кард.”
Ба бозии “Равшан” ва “Ал Ярмук” дар плей-оффи Ҷоми АФК-2014 гурӯҳи доварон аз Малайзия бо раҳбарии ҳаками 27-сола Моҳд Амирул Изван Бин Ёқуб, ки аз соли 2012 довари ФИФА мебошад, хидмат мерасонад. Моҳд Сабрӣ Бин Мат Довуди 44-сола ва Азман Бин Исмоили 39-сола доварони марзи майдон мебошанд. Довари эҳтиётӣ Суҳайзӣ Бин Шукрии 34-сола таъин шудааст. Равишанкар Ҷаяраман аз Ҳиндустон комиссари ин бозӣ ва Масъуд Иноят аз Эрон нозири доваронанд.
Бояд гуфт, ки дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳӣ роҳ ёфтани дастаи «Равшан» рақибонаш бошгоҳҳои «Сувайк» ё «Саҳам»-и Умон, «Зат Рас»-и Урдун ва «Сафо»-и Лубнон мешаванд. Сабқати гурӯҳии Ҷоми АFC-2014 рӯзи 25-уми феврал шурӯъ мешавад ва то ин давра марҳилаи интихобӣ барпо мегардад.
Ба ҷуз бозии «Равшан» - «Ал Ярмук» рӯзи 2-юми феврал дар бозии дигари интихобӣ “Ал Дҳария»-и Фаластин дар майдони худ бо қаҳрамони Қирғизистон – дастаи «Олой»-и Ӯш вориди рақобат мешавад.
Давраи гурӯҳии Ҷоми AFC-2014:
Тақвими бозиҳои гурӯҳи «А»:
Даври 1-ум
25-уми феврал (сешанбе)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук» (Яман)
«Сафо» (Лубнон) - «Зат Рас» (Урдун)
Даври 2-юм
11-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук» (Яман) - «Сафо» (Лубнон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
Даври 3-юм
18-уми март (сешанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук » (Яман) - «Зат Рас» (Урдун)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 4-ум
2-юми апрел (чоршанбе)
«Зат Рас» (Урдун) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук» (Яман)
«Сафо» (Лубнон) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
Даври 5-ум
9-уми апрел (чоршанбе)
«Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук» (Яман) - «Сувайк»/«Саҳам» (Умон)
«Зат Рас» (Урдун) - «Сафо» (Лубнон)
Даври 6-ум
23-юми апрел (чоршанбе)
«Сафо» (Лубнон) - «Равшан» (Тоҷикистон)/«Ал Ярмук » (Яман)
«Сувайк»/«Саҳам» (Умон) - «Зат Рас» (Урдун)