Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии эътирозии марде дар Боку


Маросими ҷанозаи Заур Ҳасанов
Маросими ҷанозаи Заур Ҳасанов
Дар Озарбойҷон марде, ки дар назди бинои ҳукумати ин кишвар дар Боку худро ба нишонаи эътироз оташ зад, аз захмҳои сӯхта ҷон дод. Ҷасади Заур Ҳасанови 42 соларо рӯзи шанбе, 28 декабр ба хешовандонаш супурданд.

Ҳасанов ветерани ҷанги Қарабоғи Кӯҳистонӣ буд ва бар зидди беадолатиҳои як нафар мақоми баландпояи ҳукумати Озарбойҷон нисбат ба худ даст ба чунин кор зад.

Хонаводаи Ҳасанов мегӯяд, ки тарабхонаи хурди вай дар соли 1995, яъне 18 сол пеш бо дастури як намояндаи порламон, ки ҳамзамон раиси Конфедератсияи иттиҳодияи тоҷирон низ мебошад, хароб карда шудааст.

Ҳоло баъд аз ин худкушӣ раиси конфедератсия билофосила эълон кардааст, ки ба зану фарзандони Ҳасанов 127 ҳазор доллар ҷуброн пардохт мекунад. Мушовири раиси ҷумҳури Озарбойҷон аз ин ҳодиса изҳори нигаронӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG