Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳри Душанбе давраи бозомӯзии мураббиёни футбол барои гирифтани муҷаввизи дараҷаи “А”-и Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) ба анҷом расид.

Ба ин давраи бозомӯзӣ мушовири АFC Ислом Аҳмадов аз Узбакистон, раҳбарӣ кард. Ба иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон давраи бозомӯзии мураббиёни футбол дар машғулиятҳо 20 мураббии тоҷик иштирок карданд:

Нӯъмонҷон Юсуфов, Илдар Раҳмонов, Раҷаб Расулов, Маҳмадҷон Ҳабибуллоев, Зайниддин Раҳимов, Носир Ҳамидов, Ҳикмат Фузайлов, Рустам Қурбонов, Аҳлиддин Турдиев, Тоҳир Муъминов, Ҳасан Раҷабов, Абдулло Умарбоев, Рустам Хоҷаев, Ҳусейн Шодиев, Амоншо Содатсайров, Алиёр Ашӯрмамадов, Ғайраталӣ Мираҳмадов, Алишер Ҳақбердиев, Салоҳиддин Ғафуров ва Тухтабой Абдураҳимов.

Дар ин давраи бозомӯзӣ, инчунин, мураббии дастаи мунтахаби миллии футболи Афғонистон Муҳаммад Юсуф Коргар ва сармураббии бошгоҳи футболи «Абдиш-Ата»-и Қирғизистон Мирлан Эшенов ширкат доштанд.

Ба барномаи давраи бозомӯзӣ машғулиятҳои назариявию амалӣ дохил буданд. Баъди анҷоми машғулиятҳо ба ширкаткунандагон сертификатҳои байналмилалии мураббиёни дараҷаи «А»-и AFC супурда шуд.

Бояд гуфт, ки бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон сар аз соли 2014 ҳамаи мураббиёни бошгоҳҳои лигаи олӣ бояд муҷаввизи дараҷаи “А” дошта бошанд.

Андешаи Шумо

Намоиши шарҳҳо

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG