Дар ин бора ба “Озодӣ” Рустам Ҳакимов, сухангӯи бошгоҳи футболи “Истиқлол”, хабар дод. Ба гуфтаи ӯ қаҳрамони 5-каратаи Қазоқистон –“Иртиш” ба бозигари ҷавони «Истиқлол» таваҷҷӯҳ зоҳир кардааст. Хоҳиши футболбозро барои бозӣ кардан дар чемпионати нисбатан пурқувват ба назар гирифта, раҳбарият ва ситоди мураббиёни “Истиқлол” ба Аҳтам Назаров розигӣ доданд.
Дар назар аст, ки Аҳтам Назаров рӯзи 3-юми январ ба Туркия сафар мекунад. Вай дар ҷамъомади таълимиву тамринии “Иртиш”, ки дар Туркия рӯзи 7-уми январ оғоз меёбад, ширкат меварзад.
Бояд тазаккур дод, ки Аҳтам Назарови 21-сола аз аввали мавсими имсолаи футбол ба ҳайати «Истиқлол» дохил шуд ва соли ҷорӣ дар мусобиқаи қаҳрамонии кишвар 16 бозӣ кардааст.