Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кобул хоҳони нақши қавии Маскав дар минтақа шуд


Кобул хоҳони нақши қавии Маскав дар минтақа шуда ва онро барои суботи Афғонистон муҳим хондааст.

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон дар як эъломия гуфтааст, дар мулоқот бо раиси парлумони Русия Сергей Наришкин, президент Карзай хоҳони нақши қавии Русия дар минтақа шуда, онро бароии суботи Афғонистон ва тамоми минтақа муҳим донистааст.

Ҳомид Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон гуфтааст, хоҳони густариш ва таҳкими равобит миёни ду кишвар ба гунаи стратегӣ дар арсаҳои гуногун, ба вижа дар бахши иқтисод ва фарҳанг мебошад.

Раиси парлумони Русия рӯзи сешанбе дар ҷараёни дидор бо Ҳомид Карзай дар Кобул, Афғонистонро як ҳамсояи хуб дониста барои ҳар гуна ҳамкорӣ бар арсаҳои мухталиф бо ин кишвар ибрози омодагӣ кардааст. Оқои Наришкин гуфтааст, Русия моил аст равобиташро бо Афғонистон ба сатҳи равобити стратегӣ ва амиқ густариш диҳад.

Раиси парлумони Русия дар мавриди мувофиқатномаи амниятӣ миёни Афғонистон ва Амрико гуфтааст, ҳузури нерӯҳои байналмилалӣ дар ҳоли ҳозир барои суботу амният дар ин кишвар зарур мебошад. Аммо ӯ гуфтааст, ки ҳузури нерӯҳои паймони НАТО бояд бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва бо розигии Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид бошад.

Оқои Наришкин ҳамчунин гуфтааст, ки Русия соли гузашта шумораи бузурги силоҳро ба нерӯҳои амниятии Афғонистон фиристодааст ва мақомоти афғон аз Русия тақозои аслиҳаи бештар кардаанд. Ӯ ҳамчунон гуфтааст, ки Маскав панҷсад мутахассиси мубориза бо маводи мухаддирро ба Афғонистон хоҳад фиристод, то нерӯҳои амниятии афғонро омӯзиш диҳанд.

Раиси парлумони Русияро дар ин сафар Леонид Слуский, раиси кумитаи мустақили кишварҳои муштаракулманофеъ ва ҳамбастагӣ бо кишварҳои Осиёи Миёна ва Аврупои парлумони Русия, Владимир Каланда, муовини раиси идораи мубориза бо маводи мухаддир Русия ва Замир Кобулов, фиристодаи вижаи он кишвар барои Афғонистон, ҳамроҳӣ мекунанд.
XS
SM
MD
LG