Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамлае дар Либия 6 нафар кушта шуданд


Бар асари як бомбгузории интиҳорӣ дар наздикии пойгоҳи артиши Либия дар наздикии шаҳри ноороми Бенғозӣ дасти кам 6 нафар кушта шудаанд. Ҳодиса рӯзи якшанбе ва дар Барсис дар 50 километрии шаҳри Бенғозӣ ба вуқӯъ пайвастааст. Бомбгузориву ҳамла дар ин шаҳр дар вақтҳои ахир бештар шудааст ва ҳадаф дар ин ҳамлаҳо умдатан нерӯҳои амниятии Либия ҳастанд. Баъди суқути Муаммар Қаззофӣ дар қиёмҳои мардумӣ дар соли 2011 ҳукумати марказии Либия то ҳол натавонистааст, гурӯҳҳои саркаш ва қабилаҳои рақибро, ки барои нуфуз ва тақсими фоидаи нафт, мубориза мебаранд, таҳти контрол дароварад.
XS
SM
MD
LG