Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мурсӣ бо иттиҳоми дигар муҳокима мешавад


Бино ба гузоришҳо, Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури барканоршудаи Миср ва 132 нафари дигар аз ҷумла аъзои созмони Ихвонулмуслимини ӯ бо иттиҳоми фирор аз зиндон дар соли 2011 муҳокима хоҳанд шуд. Дар он сол дар айни қиёмҳои мардумӣ ба зидди Ҳуснӣ Муборак, раиси ҷумҳури собиқи Миср чанд узви баландпояи Ихвонулмуслимин низ аз зиндони Водӣ ал-Натрун фирор карданд ва онҳо дар ҳамин додгоҳ муҳокима хоҳанд шуд. Муҳаммад Мурсӣ, ки моҳи июл аз тарафи артиши Миср аз мақомаш барканор шуд, бо ду иттиҳоми дигар, аз ҷумла сармоягузории терроризм ва осеб расондан ба амнияти миллии кишвараш муттаҳам мешавад. Ҳамчунин ӯро ба таҳрики қатли тазоҳургарони мухолифи давлаташ муттаҳам мекунанд. Муҳокимаи Муҳаммад Мурсӣ, ки фақат як сол ҳукумат кард, рӯзи 8-уми январ аз сар гирифта мешавад.
XS
SM
MD
LG