Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурӯпошии СССР. Кӣ бурду кӣ бохт?


Назарсанҷии тозаи созмони Gallup муайян кардааст, ки аксарияти кулли шаҳрвандони кишварҳои пасошӯравӣ суқути онро ба зарари кишварҳояшон медонанд.

Созмони назарсанҷии Gallup дар иртибот бо 22-юмин солгарди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз мардуми 11 кишвари узви он пурсидааст, ки суқути шӯравӣ ба манфиати кишварҳо онҳо тамом шуд ё хайр? Мардуми ин кишварҳои пасошӯравӣ ба ҷуз Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон ва Туркманистон гуфтаанд, суқути Иттиҳоди шӯравӣ як ҳодисаи хеле манфӣ буд ва бар зарари онҳо тамом шуд. Ба навиштаи пажӯҳишгарони Gallup, 52 дарсади пурсидашудагон дар Тоҷикистон гуфтаанд, суқути шӯравӣ як падидаи манфӣ буд ва танҳо 27 дарсади одамон бар ин будаанд, ки пошхӯрии шӯравӣ кори мусбат аст.

Танҳо дар чаҳор кишвари пасошӯравӣ -- Озарбойҷон, Қазоқистон, Гурҷистон ва Туркманистон назари мардум ба ду қисм ҷудо шудааст. Қисме суқути Шӯравиро ҳодисаи манфӣ ва қисме онро мусбат арзёбӣ кардаанд. Аз ҳама бештар шаҳрвандони Қазоқистон - аниқтараш 45 дарсади пурсидашудагон суқути Шӯравиро мусбат хонда, танҳо 25 дарсади онҳо онро манфӣ донистаанд.
Бино ба навиштаи пажуҳишгарони Gullup, бештар афроди куҳансол аз суқути Шӯравӣ нигаронӣ кардаанд ва бархе онро ҳатто як фоҷеаи бузурге дар ҳаёти хеш хондаанд.

Ҳамсӯҳбатҳои сарироҳии мо дар кӯчаҳои Душанбе низ айни ҳамон ҳарферо мегуфтанд, ки ба Галлап гуфтаанд. Аксаран дар қадами аввал «аз таҳсил ва табобати ройгон», «таъмин будан бо ҷои кор» ва як зиндагии амну ором ҳасрат мехӯрданд. Шодӣ Самадов, як сокини миёнсоли Душанбе мегӯяд, ҳарчанд аз суқути Шӯравӣ солҳои зиёд сипарӣ шуд, аммо меҳри он низом то ҳол дар қалби насли ӯ боқист: «Масалан, ҳамсабақони ман аз оилаҳои нодор аз сӯи давлат ғамхорӣ медиданд. Ба онҳо давлат ҳамон либосу китобе, ки мо мепӯшидем, харида медод, ҳама баробар буд. Ман ҳамин қадарро фаҳмидам, ки демократияаш ҳамин будаст, ки по дорӣ медавӣ, мехӯрӣ, надошта бошӣ меафтию мемурӣ. Қонуни ҷангал...».

Аз сӯи дигар, ҳамсӯҳбатҳои мо аз маҳдудиятҳои замони Шӯравӣ ёд карданд ва ҳамчунин аз касоди маводи ғизоӣ, сару либоси босифат ҷиҳози хона ва нақлиёт ёдовар шуданд. Асрор Ҳомидов, ҳамсӯҳбати нафақахӯри мо мегӯяд, ҳарчанд дар замони шӯравӣ касби духтуриро дошт, аммо агар мехост як бинои хурдакаке ҳам созад, маҷбур буд ба давлат ҳисобот диҳад, ки ин пулро аз куҷо ёфтааст, вагарна дар ҷаласаи ҳизби ноҳия муҳокима мешуд: «Дар замони истиқлолият ман аллакай 6 маротиба сафари ҳаҷ кардам. Боз Байтулмуқаддасро зиёрат кардам. Дар замони Шӯравӣ магар ҳамин чиз имкон дошт? Надошт!».

НАВОР АЗ БОЙГОНӢ (ХОТИРАИ СОКИНОН АЗ ЯК ҶАШНИ ЗАМОНИ СССР)

Ёди рӯзгори ширин...
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:06 0:00

Коршиносон мегӯянд, назарсанҷии Gullup як ҳақиқатеро бармало месозад, ки он кишварҳои пасошӯравие, ки ба сатҳи хуби зиндагии мардумашон дастёб шудаанд, ҳасрати Шӯравиро намехӯранд ва аз истиқлоли кишварашон ифтихор доранд. Суқути Шӯравӣ барои Тоҷикистон аз кишварҳои дигар иттиҳод дардноктар буд. Баробари фурӯпошии шӯравӣ, ин кишвар вориди ҷанги шаҳрвандӣ шуд, ки панҷ сол идома кард ва ҳудудан 150 ҳазор нафарро қурбон кард. Баъди анҷоми ҷанги дар соли 1997 кишвар ба марҳилаи баъди ҷангӣ, бӯҳрони иқтисодӣ, бекорӣ, бебарқӣ, бепулӣ ва дур шудан аз мактабу маориф ворид шуд. Ба думболи ин муҳоҷирати саросарӣ ба хориҷи кишвар оғоз ёфт, ки ҳоло низ идома дорад ва иқтисоди кишвар аз баракати пули муҳоҷирон чарх мезанад.

Ваҳҳоб Воҳидов
Ваҳҳоб Воҳидов
Ин ҳама далел шудаанд, ки насли миёнсол ва калонсон зистан дар низоми Шӯравиро аз истиқлолият волотар медонанд, ки дар замони Шӯравӣ ба сар бурданд. Ваҳҳоб Воҳидов, вазири кишоварзии Тоҷикистон дар солҳои охири суқути Шӯравӣ мегӯяд, солҳои навадум ҳам аксарияти аҳолии шӯравӣ муқобили пошхӯрии он буд: «Қариб 73 дарсади мардум муқобили пошхӯрии он буданд. Аммо бархе аз арбобони хоини партияи коммунистӣ ин кишваро пароканда карданд. Вале бархе кишварҳо, мисли Туркманистон аз ин бурд карданд. Ин кишвар дар замони Шӯравӣ қафомонда буд, вале баъди пошхӯрӣ бо фурӯши нафту газ даромади зиёд ба даст овард».

Ҷаноби Воҳидов мегӯяд иқтидори иқтисодӣ ва истеҳсолоти Тоҷикистон то ба ҳол ҳатто ба сатҳи охири солҳои Шӯравӣ нарасидааст. Масалан, ҳоло дар мо солона қариб то 400 ҳазор тонна пахта истеҳсол мешавад, ки нисбат ба соли нобасомони 1991, як баробар кам. Воҳидов афзуд, аз ҷиҳати истеҳсоли тухм, гӯшт, шир ва дигар маҳсулоти саноатӣ низ Тоҷикистон ба он дараҷа нарасидааст, ҳарчанд қиёс кардани ин нишондиҳандаҳо ба замони Шӯравӣ чандон мантиқӣ нест. Чунки ба гуфтаи ин ҳамсӯҳбати мо, барои истеҳсоли то 1 миллион пахта дар Тоҷикистон тамоми намуди трактор, комбайнҳо, маводи сӯхт ва дигар ашёи лозим аз дигар бахшҳои дигари Иттиҳоди Шӯравӣ ба Тоҷикистон фиристода мешуд, ки ҳоло ҳамаи он ба пул харидорӣ мешавад.
XS
SM
MD
LG