Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Путин бо Янукович дар Маскав


Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия, ба Виктор Янукович, ҳамтои украинии худ гуфтааст, ки ду кишвар бояд дар масоили байналмилалӣ аз наздик ҳамкорӣ кунанд ва ҳамкориҳои низомии васеъи низомӣ ва низомиву фанниро аз сар бигиранд. Виктор Янукович, раиси ҷумҳури Украина ба Владимир Путин гуфтааст, ки “ҳамкориҳои стротегии” ду кишвар бояд густариш дода шавад. Ду тараф дар ин бора зимни мулоқот Маскав сухан гуфтанд. Владимир Путин ҳамчунин гуфт: "Ман бисёр умедворам, ки дар ҳалли мушкилоти бисёр ҳасос байни ду тараф ба пешрафт ноил мешавем. Украина бе ҳеҷ шакку шубҳа ва бо маънои томаш шарики стратегӣ ва муттафиқи мо аст." Виктор Янукович барои гирифтани қарзҳои нав аз Русия ва поин овардани қимати гази содиротӣ ба Маскав омадааст. Мулоқоти ду тараф дар замоне сурат мегирад, ки тарафдорони ҳамоиши Украина бо Иттиҳодияи Аврупо ҳамчунон ба тазоҳурот дар шаҳри Киев идома медиҳанд. Виктор Янукович, моҳи гузашта, имзои аҳдномаи муҳими ҳампаймонӣ бо Иттиҳодияи Аврупоро ба таъхир гузошт ва хашми мардумро барангехт. Мухолифони давлати Украина метарсанд, ки Виктор Янукович ба ҷойи наздик кардани кишвараш ба Иттиҳодияи Аврупо роҳи вуруд ба Иттиҳоди Гумрукӣ ба раҳбарии Русияро пеш мегирад.
XS
SM
MD
LG