Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медали наврасони тоҷик дар қаҳрамонии дзюдои Осиё


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии дзюдои Осиё байни наврасони синашон то 17-сола дар шаҳри Хайнани Чин се медал ба даст оварданд.

Дар ин мусобиқаи қитъавӣ, ки байни наврасони то 17-сола ва навҷавонони то 21-сола баргузор шудааст, Тоҷикистонро 11 варзишгар намояндагӣ мекунанд. Дар рӯзи аввали мусобиқот, ки байни гуштигирони солҳои таваллудашон 1996-1998 сурат гирифт, узви дастаи мунтахаби Тоҷикистон Адҳам Мисоқов дар рақобатҳо дар вазни то 73 кг баъди се пирӯзӣ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар рақибаш Ермек Сариев аз Қирғизистон ғолиб шуд ва бо медали тилло сарфароз гашт. Бояд гуфт, ки ин аввалин варзишгари тоҷик аст, ки дар риштаи дзюдо миёни наврасон ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфтааст.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Хуршед Маҷидов дар вазни беш аз 90 кг ҷойи дувумро гирифт ва бо медали нуқра мукофотонида шуд. Вай дар қувваозмоии ниҳоӣ аз рақиби худ аз Чин мағлуб гашт.

Фаррухи Салим, ки дар вазни то 81 кг барои ҷойи севум бар Азизбек Собирови ғирғиз ғолиб омад, бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Вале гуштигири дигари тоҷик Далер Қурбонҷонов дар нахустин қувваозмоияш дар вазни то 60 кг аз гуштигири Муғулистон шикаст хӯрд.

Ба ин тартиб, аз рӯи ҷамъбасти мусобиқаи қаҳрамонии наврасони Осиё гуштигирони тоҷик як медали тилло, як нуқра ва як биринҷӣ ба даст оварда, дар ҳисоби дастаӣ дар ҷойи 7-ум қарор гирифтанд. Мунтахаби Чин бо 10 медал, аз ҷумла 5 нишони тилло ғолиб шуд.

Рӯзҳои 12-13-уми декабр панҷ варзишгари тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё байни паҳлавонони синашон то 21-сола рақобат мекунанд.

Дар ин бора ба Радиои Озодӣ Ширинҷон Мамадсафоев, дабири кулли Федератсияи дзюдои Тоҷикистон, рӯзи 12-уми декабр хабар дод.
XS
SM
MD
LG