Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав
Шабакаҳои иҷтимоӣ

Афсари пулиси роҳ - шаффофтарин шахсияти сол дар Афғонистон


Акс аз бойгонӣ.
Акс аз бойгонӣ.

Шуморе аз ниҳодҳои маданӣ дар Афғонистон як вакили парлумон ва як пулиси роҳро шаффофтарин шахсияти сол дар он кишвар эълон кардаанд.

Рӯзномаи "8-и Субҳ", чопи Кобул дар шумораи имрӯзи худ навишт, шуморе аз ниҳодҳои мадании Афғонистон Рамазон Башардӯст, узви Маҷлиси намояндагон он кишвар ва Насир, як афсари пулиси роҳро ба муносибати рӯзи ҷаҳонии мубориза бо фасоди идорӣ, ба унвони шаффофтарин шахсиятҳои сол дар Афғонистон муаррифӣ кардаанд.

Манбаъ мегӯяд, Рамазон Башардӯст, ки ду давр аст ба унвони намояндаи вилояти Кобул дар парлумони он кишвар фаъолият менамояд, аз мунтақидони аслии фасоди идорӣ дар Афғонистон ба шумор меравад, бахше аз маоши худро ки аз парлумон мегирад, барои мардуми бенаво ва донишҷӯён тақсим мекунад.

Аммо Насир-як афсари пулис, ки аз сӯи ниҳодҳои маданӣ ба унвони як аз шахсиятҳои шаффоф ва муборизи зидди фасоди идорӣ муаррифӣ шудааст, наздик ба 25 сол будааст, ки ба ҳайси пулиси роҳ дар хиёбонҳои Кобул ифои вазифа мекардааст.

Оқои Насир ба ин рӯзнома гуфтааст, ки то ҳол даст ба гирифтани ришва назадааст ва ба маоше, ки аз тарафи давлат барояш дода мешавад, қаноат мекунад. Ин афсари пулиси роҳ ҳамакнун дар чаҳорроҳии Шерпури Кобул идои вазифа менамояд ва вазорати умури дохилии ин кишвар низ аз фаъолияти ӯ ситоиш карда ва ӯро "қаҳрамон" хондааст.

Ин дар ҳолест, ки Афғонистон дар садри кишварҳои олуда ба фасоди идорӣ қарор дорад ва он аз ҷумлаи чолишҳои муҳим дар рӯбарӯи ҳукумати он кишвар ба шумор меравад.

Як пулиси роҳ дар Афғонистон дар ҳоле шаффофтарин шахсияти сол эътироф шудааст, ки дар Тоҷикистони ҳамсоя бо Афғонистон мардум аз рафтори пулиси роҳ ҳамвора шикоят мекунанд ва ин ниҳодро яке аз фасодзадатаринҳо ном мебаранд.
XS
SM
MD
LG