Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Эрон созишномаи амниятӣ имзо мекунанд


Интизор мераванд, дар ояндаи наздик созишномае дар бораи муборизаи муштарак бо ҷинояткорӣ ва ҳамкориҳо дар заминаи амният миёни Тоҷикистону Эрон ба имзо бирасад. Бар тибқи иттиллои вазорати умури дохилӣ, тарҳи созишнома миёни Тоҷикистон ва Эрон “оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва амният» охири ҳафтаи гузашта дар шаҳри Душанбе дар мулоқоти Рамазон Раҳимов, вазири умури дохилӣ ва Тоҳо Тоҳирӣ, муовини вазири умури дохилии Эрон, баррасӣ шудааст. Зимни гуфтугӯ ду тараф, ҳамкориҳои муштарак дар мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, аз ҷумла, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир баррасӣ кардаанд. Тоҳо Тоҳирӣ дар ин мулоқот гуфтааст, “ҳамкориҳои дуҷониба бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, махсусан гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бисёр хуб аст ва мо метавонем онро хеле сареҳтар барои нуқтаи беҳтаре пеш бибарем». Рамазон Раҳимов ва ҳайъати эронӣ ибрози умедворӣ кардаанд, ки баъди имзои созишномаи амниятӣ ҳамкориҳо дар ин замина байни Тоҷикистону Эрон вусъат меёбад.
XS
SM
MD
LG