Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Миср тарҳи Қонуни Асосӣ баррасӣ мешавад


Дар Миср кумиссиёни махсус ба раъйгирӣ дар бораи тарҳи тағйиру ислоҳот ба Қонуни Асосӣ шурӯъ кард. Раъйгирӣ, ки рӯзи шанбе оғоз ёфт, то рӯзи сешанбе идома мекунад ва кумиссиён барои қабули 250 ислоҳи пешниҳодӣ ба Қонуни Асосӣ раъй хоҳад дод. Ба ин гурӯҳи 50 нафарӣ, аъзои аҳзоби сиёсӣ, ҷомеаи маданӣ, артиш, пулис ва ниҳодҳои мазҳабӣ шомиланд. Баъди тасвиби шудани тарҳи нави Қонуни Асосӣ, Адлӣ Мансур, раиси ҷумҳури муваққати Миср бояд дар зарфи як моҳ дар раъйпурсиии умумӣ бигузорад. Баъди аз тарафи артиш аз мақомаш барканор кардани Муҳаммад Мурсӣ, раиси ҷумҳури исломгарои Миср дар моҳи июл қабули Қонуни Асосии нав нахустин қадам дар роҳи гузариш ба ҳукумати нав аст. Бар асоси барнома қарор аст, Миср соли оянда интихоботи порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурӣ баргузор кунад. Баъди сарнагун кардани Муҳаммад Мурсӣ, Миср ба ду ҷабҳа ба тарафдорони ӯ ва тарафдорони артиш тақсим шуд.
XS
SM
MD
LG