Нируҳои зери фармондеҳии НАТО дар Афғонистон қавл додаанд, ки ба як ҳамлаи ҳавоӣ расидагӣ анҷом медиҳанд. Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки дар ин ҳамла як кӯдак кушта ва ду нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. Нируҳои эътилофи байналмиллалӣ дар изҳороте гуфтаанд, ки онҳо аз ҳар гуна “талафоти ҷонӣ, ки ҳамлаи ҳавоӣ сабаб шудааст, амиқан изҳори таассуф мекунанд”. Ин ҳамлаи ҳавоӣ рӯзи панҷшанбе дар вилояти Ҳилманд рух додааст.
Пештар Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ин куштор нишон медиҳад, ки Амрико ба ҳаёти шаҳрвандони Афғонистон эҳтиром намегузорад. Карзай гуфт, агар чунин ҳамлаҳо идома ёбанд, вай мувофиқатномаи низомӣ бо Амрикоро имзо нахоҳад кард. Қарор аст ин мувофиқатнома мақоми ҳуқуқии нируҳои Амрико дар Афғонистонро баъд аз хуруҷи нируҳои байналмиллалӣ дар охири соли 2014 таъйин кунад.
Мақомоти расмии Амрико ҳушдор додаанд, ки агар Карзай ба зудӣ ин мувофиқатномаро имзо накунад, ҳамаи нируҳои амрикоӣ аз Афғонистон хориҷ хоҳанд шуд.