Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкати варзишгарони тоҷик дар қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи қаҳрамонии кикбоксинги ҷаҳон (WAKO), ки аз 30-юми ноябр то 8-уми декабр дар шаҳри Анталияи Туркия баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Мирсаид Яҳёев, раиси Федератсияи таэквон-до ITF ва кикбоксинги Тоҷикистон, дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, “дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ, ки таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO) баргузор мешавад, ҳудуди 2 ҳазор варзишгар аз беш аз 60 кишвар ширкат меварзанд. Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон 15 нафар шомиланд, ки миёни онҳо варзишгарони номдор, ба монанди Алишер Аҳмадов (57 кг), Беҳзод Нормуродов (57 кг), Парвизи Муродзода (69 кг), Муҳаммад Наимов (71 кг), Фотима Холова (48 кг), Зӯҳро Холова (50 кг), Нодира Исоева (55 кг) ва дигарон ҳастанд. Варзишгарони мо дар чор намуд: фулл-контакт, лайт-контакт, кик-лайт ва поинт-файтинг рақобат мекунанд. Мо ба ин мусобиқа омодагии хуб дидем ва умедворем, ки варзишгаронамон натиҷаҳои баланд ба даст меоранд.”

Ёдовар мешавем, ки мунтахаби Тоҷикистон соли равон дар Ҷоми ҷаҳонии кикбоксинг (WAKO) дар Инсбруки Австрия соҳиби 6 медали тилло, 5 - нуқра ва 13 нишони биринҷӣ гардида буд.
XS
SM
MD
LG