Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи бозомӯзии мураббиёни таэквон-до (ВТФ)


Дар шаҳри Душанбе давраи бозомӯзии мураббиёни таэквон-до (ВТФ) шурӯъ шуд.

Дабири кулли Федератсияи таэквон-до ВТФ-и Тоҷикистон Исматулло Хоҷаев, ба радиои Озодӣ гуфт, “давраи бозомӯзии мураббиён бо дастгирии Кумитаи миллии олимпии кишвар баргузор шудааст. Дар машғулиятҳо мураббиёни ин риштаи олимпии варзиш аз манотиқи мухталифи кишвар ширкат доранд. Ба машғулиятҳои назариявию амалӣ коршиноси байналмилалӣ Ким Ҳидо аз Кореяи Ҷанубӣ раҳбарӣ мекунад. Ҳадаф аз баргузории давраи бозомӯзӣ, ки то рӯзи 4-уми декабр идома хоҳад кард, баланд бардоштани дараҷаи тахассусии мураббиёни тоҷик мебошад.”

Ҷаноби Хоҷаев афзуд, таэквон-до ВТФ дар Тоҷикистон аз соли 1992 пас аз таъсиси Федертсияи миллӣ ба роҳ монда шудааст. Кори федератсия, бахусус, панҷ соли ахир таҳти раҳбарии Маликшо Неъматов, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ҳамзамон муовини аввали раиси Кумитаи миллии олимпии кишвар, хеле фаъол гардид.

Варзишгарони тоҷик дар ин муддат дар мусобиқоти ҷаҳониву қитъавӣ ва байналмилалӣ, инчунин, Бозиҳои олимпӣ ширкат карда, натиҷаҳои хуб ба даст оварданд. Чунончи, соли 2010 дар нахустин Бозиҳои олимпии тобистонаи наврасон дар Сингапур Шукрона Шарифова дар рақобатҳо дар вазни то 44 кг бо медали биринҷӣ сарфароз гашт. Инчунин ду варзишгари тоҷик – Фарҳод Неъматов ва Алишер Гулов барои аввалин бор Тоҷикистонро дар Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2012 дар Лондон намояндагӣ карданд.

“Мақсади асосии мо ба даст овардани роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2016 дар Бразилия мебошад”, - гуфт Исматулло Хоҷаев.
XS
SM
MD
LG