Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тарҳи нави қоунуни Русия дар бораи муҳоҷирони корӣ


Ҳукумати Русия рӯзи 26-уми ноябр тарҳи як қонун дар бораи «санади суғуртаи тиббӣ ва иқомат» барои муҳоҷирони кориро ба Думаи давлатии ин кишвар пешниҳод кардааст. Тибқи он кордеҳ муваззаф карда шудааст, дар сурати ба охир расидани муҳлати суғуртаи тиббӣ ва санади иқомат қарордоди корӣ бо муҳоҷири меҳнатиро қатъ кунад.

Тарҳи ин қонуни навро Вазорати меҳнати Русия омода кардааст, ки рӯзи 14-уми ноябр дар ҷаласаи ҳукумат пазируфта шудааст.

Тавре дар сомонаи ҳукумати Русия зикр шудааст дар ин қонун таъкид шудааст, ки агар муҳлати суғуртаи тиббӣ ва санади иқомат ба охир расад ва дар зарфи як моҳи баъд тамдид карда нашавад, кордеҳ водор карда шудааааст, ки қарордод бо муҳоҷири кориро қатъ кунад.
XS
SM
MD
LG