Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манбаи иттилоъ - телевизион, радио, рӯзнома ё интернет?


Дар як пурсиши сарироҳие, ки хабарнигори "Озодӣ" дар пойтахт гузаронд, аксар сокинон мегӯянд, ки хабарҳои ҳамарӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳонро аз интернет мегиранд.

Бахши дигари пурсидашудагон гуфтанд, ки хабарҳоро аз телевизионҳои давлатӣ ва радиоҳои ғайридавлатӣ дастрас мекунанд. Теъдоди хеле ҳам гуфтанд, ки аз хабару навигариҳо ба воситаи нашрияҳои даврӣ, хусусан нашрияҳои ғайридавлатӣ огоҳ мешаванд.

лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:31 0:00
Линки мустақим

Баъзе аз шаҳрвандон мегӯянд, чун телевизионҳои давлатӣ хабарҳоро саривақт пахш намекунанд иттилоъро аз интернету хабарҳои ҷаҳонро аз телевизионҳои хориҷӣ, хусусан русизабон мегиранд.

Аммо сокинони шаҳру навоҳии кишвар бо сабаби он, ки ягона манбаи иттилои онҳо телевизиону радио будааст, бо он иктифо мекунанд ва инро ҳам танҳо ҳангоми дастрас будани қувваи барқ истифода мекунанд.

Сар аз соли 1994 ҳамасола рӯзи 26-уми ноябр чун Рӯзи ҷаҳонии иттилот таҷлил мешавад. Шумо иттилоъро аз куҷо мегиред? Дар зер назарҳои худро бо мо шарик созед.

Шумо иттилоъро аз куҷо мегиред?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:38 0:00
XS
SM
MD
LG