Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама аз мувофиқатномаи ҳастаии Эрон дифоъ кард


Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз тавофуқоти байналмиллалӣ дар бораи барномаҳои ҳастаии Эрон дифоъ кард ва хитоб ба мунаққидони ин мувофиқатнома гуфт: “Аз нуқтаи назари сисёсӣ сухани дурушт гуфтан мумкин аст кори осоне бошад, вале барои амнияти мо муфид нест”. Вай ин суханонро дар мулоқот бо гурӯҳе аз сокинони шаҳри Сан Франсиско изҳор дошт.

Исроил-ҳампаймони наздики Амрико ва баъзе намояндагони Конгресси Амрико аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ давлати Обамаро барои ризояташ бо чунин мувофиқатнома зери танқид гирифтанд.

Обама зимни суханони худ гуфт, агар ин мувофиқатнома иҷро шавад, он ба Вашингтон ва Теҳрон имкон хоҳад дод, ки “набуди боварӣ камтар шавад”. Солҳост миёни ин ду кишвар боварӣ аз байн рафта буд.

Мувофиқатномаи миёни Эрон ва 6 қудрати ҷаҳонӣ барои давраи гузор аст ва дар он аз Эрон хоста шудааст, ки барномаҳои ҳастаии худро боздорад. Дар ҷавоб таҳримҳои зидди Эрон коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG