Футболбозони “Саройкамар” рӯзи якшанбеи 24-уми ноябр дар бозии ҷавобии финалӣ барои ҷойи якум дар мусобиқаи лигаи аввал дар меҳмонӣ бар тими “Эсхата”-и Хуҷанд бо ҳисоби 3-1 пирӯз шуданд. Голҳои “Саройкамар”-ро Ҷонибек Ғаффоров дар дақиқаи 29-ум, Парвиз Саъдиев (дақиқаи 53-юм) ва Ҳусейн Ёқубов (дақиқаи 56-ум) ба ҳадаф расонданд. Як голи “Эсхата”-ро Абдумалик Шодиев дар дақиқаи 70-ум зад.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали ин дастаҳо дар ноҳияи Панҷ бо ҳисоби мусовии 2-2 анҷом ёфта буд. Ба ин тартиб, аз рӯи натоиҷи ду бозии ниҳоӣ “Саройкамар” ғолиб шуд ва дар мусобиқаи лигаи аввал мақоми аввалро касб кард. "Саройкамар" бо медалҳои тилло ва "Эсхата" бо медалҳои нуқра мукофотонида мешаванд. Инчунин бар асоси дастури мусобиқот дастаҳои “Саройкамар” ва “Эсхата” ба лигаи олӣ роҳхат гирифтанд.
Дар бозии ҷавобӣ барои ҷойи севум дастаи “Кӯктош+С”-и ноҳияи Рӯдакӣ бар тими “Далерон-Ӯротеппа”-и Истаравшан бо ҳисоби 2-1 ғалаба кард. Голҳои “Кӯктош+С”-ро Нурулло Абдуллоев (дақиқаи 35-ум) ва Далери Исмоил (90+4) заданд. Голи меҳмононро Меҳрулло Бобоев дар дақиқаи 72-юм ба самар расонд.
Бозии аввал дар Истаравшан бо ҳисоби 3-1 ба фоидаи “Далерон-Ӯротеппа” хотима ёфта буд. Ҳамин тариқ, аз рӯи натоиҷи ду бозӣ истаравшаниҳо ғолиб шуда, мақоми севум ва медалҳои биринҷиро азони худ карданд.