Дар шаҳри Женева се рӯз боз аст, музокирот миёни намояндагони қудратҳои ҷаҳонӣ ва Эрон дар мавриди барномаҳои баҳсбарангези атомии ин кишвар идома дорад. Гурӯҳи 5+1, ки ба он Бритониёву Чин, Фаронсаву Русия ва Амрикову Олмон шомиланд, аз Эрон талаб доранд, ки ғанисозии ураниуми ғализро муттавақиф созад, ки аз он метавон барои сохти бомби атомӣ истифода бурд. Дар иваз, бино ба гузоришҳо, онҳо ваъда додаанд, ки бархе аз таҳримоти байналмилалӣ алайҳи Эронро лағв мекунанд. Сухангӯи Кетрин Эштон, масъули умури сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо, ки музокиракунандаи аслӣ аз тарафи гурӯҳи 5+1 аст, рӯзи панҷшанбе гуфт, ки мулоқоти хонум Эштон бо Муҳаммад Ҷавод Зариф, вазири умури хориҷии Эрон, “бисёр хуб” будааст. Ӯ афзуд, ки мушкилоти сахттарин ҳалношуда мондааст ва музокироти рӯзи ҷумъа бисёр муҳим хоҳад буд.